Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як номзад аз сабқати президентии Эрон канор рафт


Муҳаммад Ризо Ориф, собиқ муовини раисиҷумҳур ва вазири фановариҳои Эрон дар ҳукумати раисиҷумҳур Муҳаммад Хотами, аз ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ канор рафт. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ӯ ягона номзади ислоҳотхоҳ дар маъракаи интихоботӣ буд.

Муҳаммад Ризо Ориф дар сомонаи худ тасмимашро бо тавсияи раисҷумҳури пешини Эрон Муҳаммад Хотамӣ марбут кардааст, ки ширкати ӯро дар интихобот беҳуда хондааст.

Аз ин пеш Ғулом Алӣ Ҳаддод, раиси пешини Маҷлиси Эрон номзадии худро аз ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ фаро хонда буд. Одил, ки аз хешовандони Оятулло Алии Хоманеӣ мебошад, сабабҳои тасмимашро тавзеҳ накардааст.

Акнун барои курсии раисиҷумҳури Эрон шаш номзад - Саид Ҷалилӣ, раиси ҳайати музокироти ҳастаии Эрон, Муҳсин Ризоӣ, собиқ ноиби раиси ҷумҳури Эрон, Ҳасан Рӯҳонӣ, рӯҳонии маъруф, Боқир Қолибоф ,шаҳрдори Теҳрон, Муҳаммад Ғаразӣ,собиқ вазири мухобирот ва Алӣ Акбар Вилоятӣ,собиқ вазири умури хориҷии Эрон мубориза мебаранд. Раъйдиҳӣ дар интихобот рӯзи ҷумъа, 14 июн, баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG