Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ номзади ниҳоии ислоҳталабон дар интихоботи Эрон


Ҳасан Рӯҳонӣ (аз чап) ва Муҳаммадризо Ориф (аз рост)

Ҳасан Рӯҳонӣ (аз чап) ва Муҳаммадризо Ориф (аз рост)

Ҳасан Руҳонӣ номзади ниҳоии ислоҳталабон дар интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон хоҳад буд.

Шӯрои мушовирони Муҳаммад Хотамӣ, раиси ҷумҳури пешини Эрон дар баёнияе, ки рӯзи душанбе нашр шуд, эълом кардааст, ки Ҳасан Руҳонӣ номзади ниҳоии ислоҳталабон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ хоҳад буд. Дар ин баёния аз Муҳаммадризо Ориф, ки аз сабқати интихоботӣ берун рафт, сипосгузорӣ шудааст.

Тайи рӯзҳои ахир гузоришҳо дар мавриди музокироти як гуруҳи корӣ аз мушовирони Муҳаммад Хотамӣ барои эътилофи Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали Ҳотамӣ дар давлати ҳаштуми Эрон ва Ҳасан Рӯҳонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар даврони Муҳаммад Хотамӣ, мунташир шуда буд.

Ба гузориши торнамои «Калима», дар баёнияи мушовирони Муҳаммад Хотамӣ дар хусуси чигунагии таъйини номзади ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон омадааст: «Дар ин раванд бо кори гуруҳҳои вижа ва анҷоми гуфтугӯҳои фишурда бо номзаҳои муҳтарам ва шахсиятҳои барҷастаи миллӣ, ба вижа оқоён Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Саид Муҳаммад Хотамӣ ва иҷрои назарсанҷии илмӣ, дар ниҳоят ҷаноби оқои Ҳасан Руҳонӣ ба унвони номзаде, ки имкони ҷазби орои бештарро дорад, муносиб ташхис дода шуданд.»

Дар идомаи баёния омадааст, ки «дар ин вазъияти ҳассос ва ба манзури пешгирӣ аз тафриқа ва парокандагии нерӯҳо, эълом менамоем, ки номзади ягонаи мо дар арсаи интихобот, ҷаноби оқои Ҳасани Рӯҳонӣ хоҳад буд.»

Ҳасан Рӯҳонӣ дар даврони раёсати ҷумҳури Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Муҳаммад Хотамӣ раёсати Шӯрои олии амнияти миллиро бар ӯҳда дошт. Вай ҳамчунин дар даврони Муҳаммад Хотамӣ масъулияти ҳидояти музокироти бар сари барномаи ҳастаии Эрон бо кишварҳои ғарбиро бар ӯҳда дошт.

Ҳасан Рӯҳонӣ бо рӯи кор омадани давлати Маҳмуди Аҳмадинажод дар соли 2005, парвандаи ҳастаиро вогузор кард ва Алии Лориҷонӣ ҷойгузини вай шуд.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон рӯзи ҷумъаи 14-уми июн баргузор мешавад ва барои касби ин мақом шаш номзад бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG