Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммадҷони 5-сола пайдо шуд, аз Сабинаву Малика хабаре нест


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Кормандони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон Муҳаммадҷони 5-соларо пайдо карданд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сешанбеи рӯзи 11-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ зимни таъйиди ин хабар гуфт, ки «дар натиҷаи амалиёти фаврӣ -ҷустуҷӯӣ Раҷабов Абдусалом Тоштемирович, cоли таваллудаш 1965, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Тоштеппаи ноҳияи Шаҳринав дастгир карда шуд, ки Муҳаммадҷони ноболиғро бо худ бурдааст.»

Ба ин тартиб Асадуллоев гуфт, ки пас аз дастгир кардани ин шахс Муҳаммадҷони ноболиғ ба падару модараш супурда шуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Абдусалом Раҷабов, фарде, ки кӯдаки ноболиғро рабуда буд, дар соли 2010 бо моддаи 244 кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҳабс шудааст.

Ҳамчунин таҳқиқи ниҳодҳои интизомӣ мушаххас кард, ки Абдусалом Раҷабов дар таърихи 8 июни соли 2013 дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ноболиғон Орифҷонов Хусрав Ҷамшедович, соли тавалудаш 2004, Орифҷонов Фаруххон Зоирҷонович, соли тавалудаш 2003 ва Бӯриев Фозилҷон Наимҷонович, соли тавалуддаш 2002 -ро бо баҳонаи чидани гелосу олу ба боварашон даромада, бо ҳамроҳии худ гирифта ба ноҳияи Бохтар бурдааст, ки худи ҳамон рӯз ин ҳодиса аз сӯи кормандони пулис ошкор ва ноболиғон ёфт шудаанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки таҳқиқ маълум кардааст, ки Абдусалом Раҷабов дорои бемории рӯҳӣ буда дар беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои рӯҳӣ дар қайд будааст.

Зимнан, Муҳаммадҷони Абдуҷаббор, ки 5 сол дорад, рӯзи якшанбеи 9 июн дар яке аз маҳаллаҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе бедарак шуд. Ҷустуҷӯи ин писари 5 сола билофосила баъд аз он шуруъ шудааст, ки падараш Абдуҷаббор Тошев дар бораи гум шудани фарзандаш ба пулис хабар дод.

Муҳаммадҷони 5 сола пас аз як рӯзи рабуда шуданаш пайдо гардид, аммо бо гузашти беш аз ду моҳ то кунун Малика ва Сабина Араловаҳо бедарак ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG