Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон хостори ҳали мушкили зистмуҳитӣ бо Узбакистон шуд


Шукурҷон Зуҳуров

Шукурҷон Зуҳуров

Тоҷикистон ба Узбакистон пешниҳод кардааст, ки як кумиссиюни байнипорламонии зистмуҳитӣ ташкил кунанд ва ба он коршиносони мустақил муҳити зист дохил шаванд. Ин кумиссиюн бояд масъалаҳои муҳити зист дар манотиқи марзии миёни ду кишварро бозрасӣ кунад.

Дар бораи ин ташаббус Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагони порламони Тоҷикистон ба Дилором Тошмуҳаммадова-раиси порламони Узбакистон нома фиристодааст.

Дар ин бора дафтари матбуотии порламони Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст.
Душанбе ҳали иддаои ҳар ду ҷонибро дар бораи олуда кардани муҳити зист имконнопазир медонад ва пешниҳод кардааст, ки ин баҳсҳо аз роҳи гуфтушунуди коршиносон ҳал шавад.

Ҳоло ҷониби Узбакистон ба ин номаи Шукурҷон Зуҳуров ҷавоб надодааст.
XS
SM
MD
LG