Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон ҷасади 2 писари сар аз тан ҷудоро пайдо карданд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки ҷунбиши Толибон барои сар буридани ду писарбача, яке 10 сола ва дигарӣ 16 сола гунаҳгор мебошанд. Ғурзанг Афридӣ-сухангӯи пулиси Қандаҳор мегӯяд, ин ду нафар дар ҷустуҷӯи нон рӯзи якшанбе ба назди посгоҳи пулис ва посгоҳи сарбозони артиш рафта буданд. Дар бозгашт онҳоро Толибон нигоҳ доштаанд ва “барои ҷосусӣ” сари онҳоро аз танашон ҷудо кардаанд.

Афридӣ гуфт, ки ҷасади ҳар ду писарро сокинони деҳаи Жарӣ рӯзи душанбе пайдо кардаанд ва дар бораи ин куштор ба мақомоти интизомӣ хабар додаанд.

Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ-сухангӯи Толибон изҳор дошт, ки ин кушторро Толибон анҷом надодаанд ва ҳукумат талош кардааст, бо ин хабар таваҷҷуҳи мардумро аз ҳамлаҳои Тоблион ба Кобул ба мавзӯъҳои дигар бибарад.
XS
SM
MD
LG