Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Мумбайи Ҳиндустон бинои бисёрошёна фурӯ рехт


Дар шаҳри Мумбаи Ҳиндустон дар зери деворҳои бинои чандошёна, ки рӯзи душанбе фурӯ рехт, мумкин аст тақрибан 20 нафар монда бошанд. Пулиси маҳаллӣ дар бораи ҳалокати як зани солманд гузориш додааст. 4 нафари дигар ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Бориши борон корҳои наҷотдиҳиро ба мушкилӣ рӯ ба рӯ кардааст. Ду моҳ пеш дар ҳамин гуна ҳодиса ҳангоми фурӯ рехтани як бинои 7 табақаи нимасохт дар наздикии шаҳри Мумбай 70 нафар ҷон бохта буданд.

Бо фурӯ рехтани ин биноҳо дар Ҳиндустон ҳоло дар ин бора сӯҳбат мекунанд, ки сифати корҳои сохтмонӣ ба меъёр ҷавобгӯ нест ва мақомоти ришвахор барои фоидаи хусусии худ аз амнияти сохтмонҳо чашм мепӯшанд.
XS
SM
MD
LG