Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се муттаҳам бо узвият дар Ҳизбуттаҳрир


Се фарди муттаҳам бо узвият дар гурӯҳи исломии Ҳизбуттаҳрир дар шаҳри шимолии Норини Қирғизистон боздошт шудаанд.

Рӯзи душанбе Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, як шаҳрванди 39-сола, ки эҳтимол раҳбари шохаи маҳаллии ин гурӯҳ будааст, ҳамроҳ бо ду ёвараш бо ангехтани нафрати динӣ ва нигаҳдошти адабиёти ифротии мамнуъ муттаҳам мешаванд.

Ҳизбуттаҳрир як гурӯҳи суннии исломӣ аст, ки қароргоҳаш дар шаҳри Лондон буда, ҳадаф дорад, як давлати муттаҳидаи исломӣ бунёд намояд.

Қирғизистон ва дигар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ Ҳизбуттаҳрирро созмони ифротӣ арзёбӣ намуда, фаъолияти онро дар қаламравҳояшон манъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG