Пайвандҳои дастрасӣ

Зани қочоқчии инсон аз озодӣ маҳрум шуд


Як зани узбак бо ҷурми қочоқи инсон ба муддати чордаҳуним сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Вазорати корҳои дохилии Узбакистон иброз доштааст, ки Хурсанд Аҳадова раҳбарии гурӯҳи ҷиноиро бар дӯш дошт, ки занони Осиёи Марказиро ба Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тайланд қочоқ намуда, онҳоро ба фоҳишагӣ маҷбур мекардааст.

Рӯзи душанбе додгоҳи Тошканд ҳукм баровард, ки 600 ҳазор доллар моликияти Аҳадова ба нафъи давлат мусодира хоҳад шуд. Муфаттишон мегӯянд, ки дар дасти Аҳадова шиносномаҳои шаҳрвандии Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ёфт шудааст.

Аҳадова дар соли 2003-ум ба рӯйхати афроди мавриди пайгарди Интерпол ҷой дода шудааст. Ӯро соли гузашта дар Тайланд ба ҳабс гирифта, ба Узбакистон истирдод карданд.
XS
SM
MD
LG