Пайвандҳои дастрасӣ

«Муҳоҷирони бекор дар зарфи 5 рӯз бояд Русияро тарк кунанд»


Вакилони Думаи давлатии Русия зимни тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи муҳоҷирати ин кишвар пешниҳод кардаанд, ки агар муҳоҷири корӣ мутобиқи қарордод муҳлати кориаш ба анҷом расад, кордиҳанда муваззаф аст, ки ҳамаи маблағашро пардохт кунад ва ӯ бояд зарфи 5 рӯз хоки Русияро тарк кунад.Тибқи қонуни муҳоҷирати феълӣ, ин муҳлат 15 рӯзро дар мегирад. Ася Горевая, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Иркутск рӯзи 10-уми июн дар ин бора ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ додаст. Мувофиқи ин пешниҳоди нави вакилони Думаи давлатии Русия ба Қонуни муҳоҷират, пас аз анҷоми қарордоди корӣ кордиҳанда муваззаф карда шудааст, ки ҳамаи маблағи муҳоҷири кориро пардохт кунад ва бо ин кордиҳанда шартномаи кориро бекор намуда Хадамоти федеролиро дар ҷарён гузорад. Ҳамзамон бо ин иҷозатномаи корӣ ва муҷаввиз (патент) бекор мешавад. Дар чаҳорчубаи ин пешниҳод, агар муҳоҷири корӣ дар зарфи 5 рӯз хоки Русияро тарк накунад, ихроҷ хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир тибқи қонуни муҳоҷирати Русия ин муҳлат 15 рӯзро дар бар мегирад. Хадамоти муҳоҷирати кори Тоҷикистон мегӯяд, ки агар ин пешниҳоди вакилони Думаи давлатӣ тасвиб шавад, то андозае шароити будубоши муҳоҷирони корӣ дар қаламрави ин кишвар маҳдудтар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG