Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомиди Карзай рӯзи 9 июн озими шаҳри Доҳа, шуд. Интизор меравад, дар пойтахти Қатар ба хотири оғози музокироти сулҳи Афғонистон дафтари Толибон боз шавад.

Қарор аст, Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон дар конфронси “Амрико ва ҷаҳони ислом” дар Қатар бо мақомоти баландпояи қатарӣ дар бораи талошҳои сулҳ дар Афғонистон низ сӯҳбат кунад. Баҳсҳои Ҳомиди Карзай бо амири Қатар ва дигар мақомоти расмӣ рӯи чигунагии гушоиши дафтар барои Толибон дар шаҳри Доҳа мутамарказ хоҳад буд. Эмал Файзӣ, сухангӯи раисҷумҳури Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар иртибот ба масоиле, ки қаблан матраҳ шуда буд, густариши ҳамкориҳо, равобит миёни ду кишвар ва ҳамчунин музокироти сулҳи Афғонистон қарор аст, дар мулоқот бо амири Қатар ва дигар мақомоти расмӣ мулоқотҳое сурат бигирад.”




Эмал Файзӣ дар посух ба ин суол, ки оё Ҳомиди Карзай дар ҷараёни ин сафар бо намояндаҳои Толибон сӯҳбат хоҳад кард, гуфт, ки дар Қатар намояндагони Толибон ҳастанд, аммо ҳадафи сафари раиси ҷумҳур ширкат дар конфронс мебошад. Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон мусофирати Ҳомиди Карзайро ба Қатар як фурсат барои сӯҳбат дар бораи музокироти сулҳи Афғонистон медонад. Муҳаммадисмоил Қосимёр, мушовири умури байналмилалии ин шӯро рӯзи якшанбе дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: Тавақӯъи мо ин аст, ки тарҳи гушоиши дафтар барои Толибон дар Қатар ба ҳайси як маконе, ки дар онҷо музокироти мустақими байнулафғонӣ оғоз бишавад, ба моликияти афғонҳо, ба раҳбарии афғонҳо ва на бештар аз ин гапҳо. Таваққӯъи мо ин аст, ки давлати бародар ва дӯст Қатар ин абъоди ҳуқуқӣ ва сиёсии мора, ҷиддан риоят бикунад.”


Салоҳуддин Раббонӣ

Салоҳуддин Раббонӣ

Дар мусофираташ ба Қатар, Ҳомиди Карзайро, гурӯҳе аз мақомоти расмӣ ва аз ҷумла Салоҳуддин Раббонӣ, раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон ҳамроҳӣ хоҳад кард. Падари ӯ устод Бурҳониддин Раббониро, ки раиси пешини Шӯрои сулҳ буд, моҳи сентябри соли 2011 як маргталаб ва фиристодаи Толибон, ки худро қосиди сулҳ муаррифӣ карда, бо инфиҷор додани бомби бо худ доштааш кушт.

Ҳомиди Карзай, чанд моҳ пеш ҳам ба Қатар рафта буд ва бо мақомоти он кишвар дар хусуси гушоиши дафтар барои Толибон дар Доҳа сӯҳбат кард. Теъдоде аз коршиносони Афғонистон мегӯянд, сафари Ҳомиди Карзай ба Қатар, шояд таъсири ҷиддие барои ташвиқи Толибон барои музокирот бо ҳукумат надошта бошад.

Ваҳид Мужда аз ҷумлаи ин коршиносон аст ва мегӯяд: “Сафари оқои Карзай, таъсире дар ин замина нахоҳад дошт. Агар шумо фикр кунед, ки давлати Қатар Толибонро меорад ва сари мизи музокира бо оқои Карзай менишонад, чунин чизе аслан қобили тасаввур нест.” Ба гуфтаи Ваҳид Мужда, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талош дорад, бо вуҷуди мухолифати ҳукумати Афғонистон гуфтӯгуҳои сулҳро бо Толибон аз сар бигирад.

Чанде пеш, расонаҳои маҳаллии Афғонистон аз қавли як манбаъ дар ҳукумати ин кишвар гузориш доданд, ки Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико дар гуфтӯгуи ахири телефониаш бо раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай, ба масъалаи музокирот бо Толибон таъкид кардааст.

Толибон дар соли 2012 гуфтанд, ба далели равшан набудани мавзеъи Амрико ва амалӣ нашудани тааҳҳудот барои раҳоии зиндониёни Толиб, аз идомаи музокирот бо Иёлоти Мутаҳидда даст кашиданд. Ҳукумати Афғонистон таъкид кардааст, то замоне, ки Толибон барои музокирот бо онҳо изҳори омодагӣ накунанд, ба ифтитоҳи дафтар барои онҳо дар Қатар ризоият нахоҳад дод. Аммо Толибон пайваста гуфтаанд, то замоне, ки нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон хориҷ нашаванд, бо ҳукумат музокирот намекунанд.


Ҷонон Мӯсозай

Ҷонон Мӯсозай

Рӯзи якшанбе Ҷонон Мӯсозай, сухангӯи вазорат дар нишасти хабарие дар Кобул дар ин бора гуфт: «Мутаасифона муносиботи Толибон бо кишварҳои хориҷӣ бисёр хуб аст, аммо бо мардуми Афғонистон душманӣ доранд. Мардуми Афғонистонро шаҳид мекунанду, алайҳашон аз ҳамалоти террористӣ истифода мекунанд. Мо умедвор ҳастем, ба рӯз бирасем, ки Толибон ба сурати амалӣ ва содиқона вориди музокироти сулҳ шаванд, то бошад, ки зарурат ба рафтану омаданҳои онҳо ба кишварҳои хориҷӣ намонад.»

Ба гуфтаи теъдоде аз огоҳони афғон, бо назардошти алоқаманд набудани Толибон барои гуфтӯгу бо ҳукумати Афғонистон, дафтари Қатар ҳам ба ин зудиҳо ифтитоҳ нахоҳад шуд. Нерӯҳои эътилофӣ ба раҳбарии Амрико дар соли 2001 Толибонро аз қудрат дар Афғонистон барканор карданд, аммо ҷангҷӯёни ин гурӯҳи ифротӣ то кунун бо харобкориву ҳамлаву бомбгузорӣ ва ҳадаф гирифтани нерӯҳои хориҷиву дохилӣ ба ҳукумати Афғонистон муқовимат мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG