Пайвандҳои дастрасӣ

"Бояд як ноиби раисиҷумҳур барои муҳоҷирон бошад"


Каромат Шарипов

Каромат Шарипов

Раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия хостори таъсиси мақоми вижаи ноиби раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили муҳоҷират шуд.

Каромат Шарипов рӯзи 9 июн дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “набояд як миллион шаҳрванди кишвар аз ҳаққи доштани намояндаи қонунии худ дар сохтори ҳукумат маҳрум бимонад.” Ва он ҳам дар ҳоле ки, ба ақидаи Каромат Шарипов, “муҳоҷирон нафақат захираи иқтисодӣ, балки кафили амнияти миллии Тоҷикистон ҳам ҳастанд.”




Раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик мегӯяд, ноиби раисиҷумҳур дар масоили муҳоҷират бояд масъули ҳалли тамоми мушкилоти марбут ба муҳоҷирати корӣ, риояти ҳуқуқ ва таъмини шаҳрвандони тоҷике, ки дар хориҷ кор ё таҳсил мекунанд, бошад. Каромат Шарипов мегӯяд, ҳар нафаре ки дар моҳи ноябр дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз мешавад, боз ҳам барои муддати тӯлоние бо мушкили муҳоҷирати шаҳрвандони тоҷик рӯбарӯ боқӣ хоҳад монд ва бояд ба ин артиши бузург, ки суботи иҷтимоиро дар Тоҷикистон таъмин мекунанд, бо таъсиси чунин мақоми баланде арҷ гузорад.

Оқои Шарипов афзуд, ин ноиби раисиҷумҳур бояд ҳатман аз миёни онҳое бошад, ки азоби муҳоҷиратро ба чашми худ дидаанд, ва дар як анҷумани муштараки созмонҳову ҷамъиятҳои тоҷикони Русия интихоб шавад. Ба ақидаи Каромат Шарипов, бо таъсиси ин мақоми баланд “муҳоҷири тоҷик билохира соҳиб меёбад.”

Умеди Ҷайҳонӣ, муҳаққиқи тоҷики муқими Маскав мегӯяд, албатта, дар миёни беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия шахсиятҳои донишманду мутахассисе сар карда аз номзадҳои илм то ба академикҳо ҳастанд, вале таъсиси мақоми вижаи ноиби раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили муҳоҷират, ба ақидаи ӯ, натиҷаи дилхоҳе нахоҳад овард.


Умеди Ҷайҳонӣ

Умеди Ҷайҳонӣ

Кори ин мақом ба ҷуз ҳазинаи бештар гирифтан аз будҷаи давлат ё аз кисаи муҳоҷирон нахоҳад буд. Ҳамон Хадамоти муҳоҷират, ки дар Тоҷикистон таъсис доданд барои танзими рафтуомади муҳоҷирон, амалан вазифаи худро иҷро накардааст. Агар як ниҳоди бигаре ҳам бисозанд, кори ӯ ҳам бештар аз ин нахоҳад буд,” – мегӯяд Умеди Ҷайҳонӣ. Ин муҳаққиқи тоҷик бар ин бовар аст, ки “то замоне ки дар худи Тоҷикистон барои ин корҷӯён кор пайдо нашавад, ба ҳеҷ мақом ва ҳеҷ мансабе ин масъаларо намешавад ҳалл кард.”




Аҳзоби мухолиф, аз ҷумла раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ, дар чанд соли пеш бо дарназардошти саҳми муҳими муҳоҷирон дар таъмини суботи иҷтимоӣ ва пешбурди аробаи зиндагии хонаводаҳои тоҷик пешниҳод карда буданд, ки дар кишвар як вазорати алоҳидаи муҳоҷирон ташкил шавад. Аммо ҷониби давлат дар соли 2011 бо каме боло бурдани мақоми Хадамоти муҳоҷират ва аз вазорати умури дохила баровардану мустақиман ба тобеъияти ҳукумат овардани ин ниҳод иктифо кард.

Пешниҳоди таъсиси мақоми вижаи ноиби раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили муҳоҷират дар ҳоле садо медиҳад, ки беш аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русия ба як фишанги умдаи фишори Маскав дар амри таҳмили хостҳояш ба Душанбе табдил ёфтаанд ва ҳар дафъа, бо бархостани таниши навбатӣ дар равобити ду кишвар мақомоти Русия зуд ин қартаро аз остин берун мекашанд ва ҳар дафъа ҷамъе аз ин мардумро “ихроҷ” мекунанд.

Ба ҳадде ки бино ба ҳисобҳо, ҷамъи муҳоҷирони кории тоҷики аз Русия ихроҷшуда аз марзи 42 500 нафар гузаштааст. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ихроҷи ҳар муҳоҷир ба маънои аз манбаъи таъмини рӯзгори худ маҳрум шудани боз як хонавода дар Тоҷикистон аст, зеро иқтисоди худи кишвар дар ҳоли ҳозир тавони ба кору маоши шоиста таъмин кардани ин артиши бузурги мардуми ташнаи корро надорад.


Амалиёти навбатии пулиси Русия алайҳи муҳоҷирони тоҷик

Амалиёти навбатии пулиси Русия алайҳи муҳоҷирони тоҷик

Ҳамасола беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва умдатан ба Русия мераванд. Соли гузашта ин мардум ба Тоҷикистон ҳудуди 3,4 миллиард доллар пул фиристодаанд, ки баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвари фақири пасошӯравист. Созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, ки ҳеҷ кишвари дунё аз пули муҳоҷиронаш ин қадар вобаста нест, ки Тоҷикистон.

Каромат Шарипов мегӯяд, бояд ин саҳми бузурги мардуми муҳоҷир дар таъмини суботи кишвар арҷгузорӣ шавад ва манфиати ин мардумро дар раванди ҳалли масоили муҳими кишвар, аз ҷумла дар тақсими қудрат дар Тоҷикистон набояд сарфи назар кард ё нодида гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG