Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳейг: "Умед аз конфронси Сурия камтар мешавад"


Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё, мегӯяд, пешравиҳои ахири артиши Сурия, баргузории ҳамоиши байналмилалӣ барои поён додан ба хунрезӣ дар он кишварро сахттар мекунад. Ӯ рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо телевизиони Би Би Си гуфт, нерӯҳои вафодор ба Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия “ба баҳои талафоти азим ва истифодаи яксараи хушунат алайҳи ғайринизомиён” дар ҷанг ба зидди шӯришиён ба пешравӣ ноил шудаанд. Ба гуфтаи Вилям Ҳейг, ин таҳаввулот, маънии онро дорад, ки ҳукумат дар музокирот гузаштҳои камтар хоҳад кард ва мумкин аст, мухолифони давлат ҳам аслан дар ҳамоиши байналмилалӣ ширкат накунанд. Кишварҳои ҷаҳон саъй доштанд, ҳамин моҳ, ба хотири поён додан ба ҷанги дусола ва оғози музокирот миёни мухолифон ва ҳукумати Сурия дар шаҳри Женева конфронси байналмилалие баргузор кунанд. Вилям Ҳейг гуфт, Бритониё ҳамчунон масъалаи баргузории ин нишастро, ки Амрикову Русия ва Созмони Милал пешниҳод кардаанд, баррасӣ дорад.
XS
SM
MD
LG