Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдӯғон тазоҳургаронро "ғоратгар" номид


Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия дигарбора тазоҳургарони зиддидавлатиро “ғоратгар” хонда ва аз тарафдоронаш хост, дар интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ дар соли оянда “ба тазоҳургарон дарс бидиҳанд.” Раҷаб Тайиб Эрдӯғон дар ин бора дар шаҳри ҷанубии Адана сухан гуфт, ки онҷо шаби шанбе, тарафдорон ва мухолифи ӯ ба ҳам дарафтоданд. Нахуствазири Туркия аз тарафдоронаш хост, ба хушунат роҳ надиҳанд. Рӯзи даҳум аст, ки дар Туркия тазоҳуроти оммавӣ идома дорад ва рӯзи якшанбе ҳам даҳҳо ҳазор нафар аз тазоҳургарон ба хиёбонҳои Истанбул, Анкара, Измир ва дигар шаҳрҳои Туркия рехтанд. Дар Истанбул, тазоҳургарон бо оташ додани чархҳои мошин ва оташбозӣ ба нерӯҳои пулис муқовимат карданд ва маъмурони пулис дар посух аз гази ашковар истифода бурданд. Дар ҷараёни тазоҳурот дар Туркия, ки 10 рӯз боз идома дорад, 2 тазоҳургар ва як маъмури пулис кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG