Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд, интихоботи Эрон одилона нест


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон, “озоду одилона ва мӯътабар” нест. Венди Шерман, муовини вазири умури хориҷии Амрико, дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “Касе намедонад, ки натиҷаҳои интихоботи Эрон чӣ мешавад. Ин интихобот тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, озоду одилона ва мӯътабар нест.” Қарор аст, рӯзи ҷумъаи оянда 14 июн интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон баргузор шавад ва дар он 8 довталаб ширкат мекунанд, ки номзадиашонро Шӯрои Нигаҳбон, як ниҳоди муҳофизакори мутеъи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломӣ таъйид кардааст. Ба гуфтаи Венди Шерман, мардуми Эрон интихоби маҳдуде, доранд, ки яке аз онҳоро бояд баргузинанд.
XS
SM
MD
LG