Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 9-уми июн дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency”-и Душанбе маросими имзои ёддошти ҳусни тафоҳум байни иттиҳодияҳои футболи Тоҷикистону Ҷопон доир шуд.

Ба ин меморандум Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Козо Ташима, муовини раиси Ассотсиатсияи футболи Ҷопон, имзо карданд. Сипас роҳбарони созмонҳои футболи ҳарду кишвар ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Ба дунболи ин маросим роҳбарони созмонҳои футболи Тоҷикистон ва Ҷопон дар як нишасти хабарӣ нуктаҳои асосии ин ёддошти ҳусни тафоҳумро тавзеҳ ва ба суолҳои хабарнигорон посух доданд.

Дар нишаст зикр шуд, ки бар асоси ин ҳуҷҷат табодули таҷриба ва иттилооти завқмандии мутақобила миёни ассотсиатсияҳо, бошгоҳҳои футбол, академияҳои футбол ва дигар ташкилотҳои футболи ҳарду кишвар дар соҳаҳои инкишофи футболи оммавӣ ва ҷавонон, илм ва тиби варзишӣ, технологияи варзишӣ ва зерсохтор, мубориза бар зидди допинг ё маводи нирӯафзо, барномаи рушди футболи мардону занон, менеҷмент ё мудирияти варзишӣ, маркетинг, васоити ахбори умуми варзишӣ ва доварон дар назар аст.

Ҳамчунин дар асоси ин ҳуҷҷат, ҳамкориҳо барои ташкили давраҳои бозомӯзӣ ва табодули таҷрибаи кории мураббиёну доварон ва мутахассисони футбол, семинарҳо, симпозиуму конфронсҳо, барномаҳои рушди футбол, баргузории мусобиқот байни футболбозони синну соли мухталиф, табодули ҳайатҳои варзишӣ ва сафарҳои расмӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон амалан дар соли 2010, вақте сар шуд, ки Федеросиюни футболи Тоҷикистон мураббии 51-солаи ҷопонӣ Чикаши Сузукиро сармураббии дастаи мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон таъйин кард. Ин тим ба раҳбарии Сузукӣ дар ин ҳафта дар мусобиқоти Ҷоми Каспий дар Озарбойҷон дар байни 12 тим ҷои 9-умро гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG