Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳри Бенғозии Либия шоҳиди хунрезӣ шуд


Бино ба гузоришҳо, дар шаҳри Бенғозии Либия дар як муноқишаи мусаллаҳона дасти кам 25 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Низоъ баъди он шурӯъ шудааст, ки гурӯҳе аз тазоҳургарон дар назди қароргоҳи Сипари Либия ҷамъ омада ва хостаанд, ки ин гурӯҳи мустақили низомӣ, ки бо ризояти вазорати диофъ амал мекунад, пароканда карда шавад. Аммо миёни ин шибҳанизомиён ва тазоҳургарон муноқиша бархостааст ва баъди чанд соати хунрезӣ сарбозони артиш тартиботро барқарор кардаанд. Норизоиятии мардум аз гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Либия афҷ гирифтааст вале таҳлилгарон мегӯянд, ҳукумати заъифи Либия тавони халъи силоҳ кардани онҳоро надорад ва дар баъзе маврид барои таъмини тартибу низом, ба ҳамон гурӯҳҳо такя мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG