Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон ба Навоз Шариф таманнои барор кард


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Муҳаммад Навоз Шарифро барои интихоб шуданаш дар мақоми нахуствазири Покистон табрик гуфт. Ба иттилои хабаргузории Associated Press of Pakistan, сарвари Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки робитаҳои миёни ду кишвар рушд хоҳанд намуд. Эмомалӣ Раҳмон ба Навоз Шариф ва мардуми Покистон таманнои барор карда, пуштибонияш дар мубориза бо таҳдидҳои умумиро иброз доштааст.

Муҳаммад Навоз Шариф рӯзи чаҳоршанбе ба ифои вазифаи нахуствазири Покистон шурӯъ кард. Ӯ бори сеюм раҳбарии ҳукумати Покистонро бар дӯш гирифтааст. Навоз Шарифи 63-сола баъд аз он дар ҳузури раисиҷумҳур Осеф Алӣ Зардорӣ савганд ёд кард, ки аз 342 вакили парлумон 244 нафарашон аз номзадии ӯ дар мақоми нахуствазир пуштибонӣ карданд. Зимни суханронӣ дар парлумон нахуствазири нав гуфт, ки имрӯз ягона роҳи дурусти рушди Покистон – таҳкими демократия аст.

Муҳаммад Навоз Шариф, ки дар интихоботи парлумонии рӯзи 11 май чун раиси ҳизби “Лигаи мусалмонҳои Покистон” ширкат дошт, 13 сол пеш бар асари кудатои низомиён аз мақоми нахуствазирӣ барканор шуда буд.
XS
SM
MD
LG