Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Обама як ҳунарпешаи синамо таҳдид кардааст


Барак Обама
Барак Обама
Ҳунарпешаи амрикоӣ аз аёлати Техас Шеннон Гесс Ричардсон бо гумони фиристодани номаҳои таҳдидомез ба раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва мири Ню-Йорк Майкл Блумберг боздошт шудааст. Ин хонуми 35-сола дар аввал иддао мекард, ки номаҳо бо заҳри қаттоли ритсинро шавҳараш фиристодааст ва аммо баъдан ба гуноҳаш иқрор кард ва гуфт, ки ӯро ба ин кор шавҳараш маҷбур сохтааст.

Агар гуноҳи Ричардсон тайид шавад, ӯ ба мӯҳлати то даҳ сол маҳкум ба зиндон хоҳад шуд. Дар номаҳо ба Обама ва Блумберг бино ба мавқеяшон дар мавриди ҳаққи нигаҳ доштани силоҳ таҳдидҳо ҷой дошт.

Шеннон Гесс Ричардсон модари панҷ фарзанд аст ва дар чанд сериёл нақш офаридааст.
XS
SM
MD
LG