Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кобинаи бе вузарои хориҷӣ ва дифои Покистон


Бинои парлумони Покистон.

Бинои парлумони Покистон.

Ҳукумати нави Покистон 25 узви кобинаи худро ба парлумони ин кишвар муаррифӣ кард.

Тибқи иттилои расонаҳои покистонӣ, ҳарчанд постҳои калидӣ ба муттаҳидони Навоз Шариф, нахуствазири Покистон супурда шуданд, вале ду пости муҳими вазорати умури хориҷӣ ва дифоъ ҳанӯз холӣ мондааст. Расонаҳои Покистон менависанд, ки оқои Навоз Шариф қасд дорад ин ду вазоратхонаи муҳимро худ ба ӯҳда бигирад ва фақат аз машварати мушовирон дар идораи онҳо истифода бикунад.

Дар кобинаи муаррифишудаи Покистон ду зан низ дида мешавад, ки иборатанд аз Ануша Раҳмон, ба унвони вазири технология ва иттилоот ва Соира Афзал Тарор, ба унвои вазири тандурустӣ. Дар ҷамъи вузарои нав Чударӣ Нисор Алихон ба ҳайси вазири умури дохилӣ, Исҳоқ Дор, вазири молия ва Хоҷа Осиф, вазири обу энержӣ савганди вафодорӣ ёд карданд.

Дар кобинаи нави Покистон бештар чеҳраҳои шинохташудаи сиёсӣ, ки қаблан низ дар ҳукумати гузаштаи Навоз Шариф ифои вазифа менамуданд, дида мешаванд. Бо вуҷуди он, ки бештари вузарои кобинаи нави Покистон афроди калидии Ҳизби Лигаи мусалмонон ба раҳбарии Навоз Шариф ҳастанд, як курсии вазорат ба аҳзоби эътилоф низ дода шудааст.

Вузарои кобинаи Покистон дар ҳоле савганд ёд мекунанд, ки ин кишвар ҳамакнун бо чолишҳои бузурге рӯбарӯ аст. Мубориза бо терроризм, поён додан ба буҳрони энержӣ ва беҳбуди равобит бо кишварҳои ҳамсоя ба вижа Афғонистон ва Ҳинд, аз масоиле мебошанд, ки ҳукумати нав дар баробари онҳо қарор дорад.

Ҳизби Лигаи мусалмонон бо раҳбарии Навоз Шариф дар интихоботи парлумонии 11-уми майи соли ҷорӣ тавонистон бо аксарияти оро баранда шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG