Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се нафар дар роҳи Панҷ-Қумсангир


Бар асари садамаи автомобилӣ дар шоҳроҳи Панҷ-Қумсангир, се нафар ҷони худро аз даст доданд. Тибқи иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодиса рӯзи панҷшанбеи 6-юми июн дар роҳи мошингарди деҳаи Пешкаппа рух додааст. Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки худрави тамғаи «Опел-Астра» ба қисми қафои автомашинаи тамғаи «ЗИЛ-431312» бармехӯрад. Дар натиҷа ронандаи «Опел-Астра» Абдулло Нахутов ва мусофиронаш Иброҳимбек Абусатторов ва Рустам Алиев дар маҳали ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Инчунин мусофири дигар Лола Соҳибназарова ҳамроҳи ду фарзандаш Маҳмад ва Азиз ва ҳамчунин яке аз ҳамроҳони онҳо Ойгул Каримова ҷароҳат бардошта дар беморхона бистарӣ мегарданд.
XS
SM
MD
LG