Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев рӯзи рақиби аслиашро "сиёҳ" мекунад


Kazakhstan -- combo photo of Kazakh President Nursultan Nazarbaev (R) and entrepreneur Mukhtar Ablyazov, undated
Kazakhstan -- combo photo of Kazakh President Nursultan Nazarbaev (R) and entrepreneur Mukhtar Ablyazov, undated

Боздошт ва ба Қазоқистон бозпас фиристодани зану духтари Мухтор Аблиёзовро талоше барои берун кардани ин рақиби Назарбоев аз "лонааш" медонанд.

Рӯзи 25 май нерӯҳои махсуси Итолиё, ба як виллае дар ҳошияи шаҳри Рум юриш бурда ва ҳамсару духтари 6-солаи Мухтор Аблиёзов, миллиардери фирории қазоқро боздошт карданд. Ду рӯз баъд ҳардуро ба ҳавопаймо савор карда ва ба Қазоқистон бозпас фиристоданд. Ин гуна "муносибати бераҳмона ва шабеҳи одамрабоӣ" ба гуфтаи хонаводааш, талоши дигаре барои берун кардани Мухтор Аблиёзов қавитарин рақиби раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, аз лонаи пинҳонаш аст.

Даҳ сол пеш, Мухтор Аблиёзов бо ин ваъда, ки аз сиёсат даст мекашад, аз зиндони бадномшудаи Державински Қазоқистон берун омад. Тоҷири сарватманди солҳои 90-ро, ки аз мухолифони давлат маҳсуб мешуд, барои тақаллуби молӣ ба 6 соли зиндон маҳкум карда буданд, аммо ӯ 10 моҳи ҳукмашро адо кард ва раҳо шуд. Аммо ҳамин 10 моҳ барояш кофӣ буд, чун ба қавли худаш дар зиндон ранҷу азияти зиёде кашидааст.

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, Мухтор Аблиёзовро дар ивази даст кашидан аз сиёсат ва оромона машғул шудан ба тиҷорат авф кард. Вале Мухтор Аблиёзов ба аҳдаш содиқ намонд ва дар як даҳсолаи гузашта миллионҳо долларро барои кӯмак ба мухолифони давлат ва расонаҳои мустақили Қазоқистон харҷ кард, то аз ҳамин роҳ Нурсултон Назарбоевро, аз қудрат барканор кунад. Ҳарчанд маҳз ба шарофати Назарбоев, Мухтор Аблиёзов ба ҳайси як ситора ба элитаи сиёсии Қазоқистон ҳамроҳ шуд.

Нурсултон Назарбоев ҳам баъди раҳо кардани ин рақибаш аз зиндон ҳама корро кард, то аз ӯро аз ному эътибору сарвату ҳамачиз маҳрум кунад. Мақомоти Қазоқистон бонки БТА мутааллиқ ба Мухтор Аблиёзовро давлатӣ карданд ва ӯ аз бими боздошт шудан ба Бритониё гурехт. Нурсултон Назарбоев ин рақиби сарсахташро ба дуздии 6 миллиард доллар муттаҳам кард ва давлати Қазоқистон ҳам барои собит кардани ин иддаъоҳо садҳо ҳазор долларро дар додгоҳҳои Бритониё харҷ кардааст. Дар ниҳоят, ҳафтаи гузашта шеваи дигареро барои “шикаст додани” Мухтор Аблиёзов истифода карданд, яъне зану духтари ӯро дар Итолиё дастгир карда ба Қазоқистон фиристоданд, то ба ҳайси “гаравгонҳои сиёсӣ” ба кор баранд. Духтари калонии ӯ Мадина Аблиёзова мегӯяд:

“Онҳо намехоҳанд, ки ӯ баргардад. Фақат мехоҳанд пайдояш кунанд. Намехоҳанд дастгир кунанд, агар ӯро ёбанд, як дақиқа ҳам нагузашта мекушанд. Онҳо мехоҳанд ӯро нобуд кунанд, зеро падари ман бузургтарин рақиби раиси ҷумҳур аст.”

Мухтор Аблиёзов, ки ихтисосаш физик аст, соли 1998 бо фармони раиси ҷумҳур Назарбоев, ба мақоми “равғании” вазири энержӣ, саноат ва тиҷорати Қазоқистон таъйин шуд. Дар он солҳо Назарбоев мехост, бо истифода аз ӯ ва насли дигари мутахассисони ҷавон ба мисли Галимжан Жакиянов, раиси вилояти Павлодар ва Олтинбек Сарсинбоев, вазири иттилооти собиқ иқтисоди кишварашро ба пеш ҳаракат диҳад. Аммо бо гузашти солҳо ин афрод, аз фасоди густурда дар дохили ҳукумати Назарбоев ба дод омада ва ҳаракатҳои мухолифи давлатро таъсис доданд. Аммо дер напоиданд, зеро Жакиянову Аблиязов ба зиндон рафтанд ва Сарсенбоев, ки раиси ҳизби мухолифи Ақ Жол буд, соли 2006 дар сӯиқасде кушта шуд.

Евгений Жовтис, раиси Бюрои Байналмилалии Ҳуқуқи Инсон дар Қазоқистон мегӯяд, таъқиби ин афрод аз ҳамон оғоз барои носипосӣ ба Нурсултон Назарбоев будааст: “Назарбоев эҳсос кард, ки ба ӯ хиёнат шудааст, зеро фикр мекунад, ки барои он афрод шароит фароҳам кард, ки сарватманду маъруф шаванд, дар давлат мақом ёбанд, вале онҳо Назарбоевро ба чолиш кашиданд.“

Ҳарчанд на ҳама дар Қазоқистон Мухтор Аблиёзовро фарди поку покиза медонанд ва 6 миллиард долларро намуна меоранд, ки гӯиё дуздида дар хориҷ пинҳон кардааст. Худи Мухтор Аблиёзов ҳам сабаб барои муқовимат ба Нурсултон Назарбоев дорад, зеро ба шарофати ӯ ҳамеша мавриди таъқиб аст. Соли 2011 Бритониё бо назардошти омилҳои сиёсии таъқиби ин фарди сарватманди қазоқ ба ӯ паноҳандагии сиёсӣ дод. Аммо Мухтор Аблиёзов як сол баъд аз Бритониё гурехт, зеро ӯро барои ошкор накардани моликияташ дар додгоҳ ба зиндон маҳкум карданд. Моҳи гузашта, Додгоҳи Олии Лондон ҳукм кард, ки бонки БТА ҳақ дорад, молу сармояи Аблиёзовро мусодира карда ва аз ҳисоби он пули қарздорони бонкро баргардонад.

Ҷойи иқомати ӯ маълум нест ва вакилони мудофеъаш, мегӯянд, зоҳиран ҳадафи маъмурони амниятии Итолиё, ки зану духтари Аблиёзовро гирифтанд, худи ӯ будааст. Пулиси Итолиё гуфт, ки боздошт ва ихроҷи Алма Шалабоева ва духтари шашсолааш Алуа қонунӣ буд, зеро санадҳои сохта доштанд. Азбаски Бритониё ва Итолиё сармояҳои бузурге дар Қазоқистон гузоштаанд, тарафдорони Аблиёзов мегӯянд, ки шояд муомилае дар байни ҳукуматҳо сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи Евгений Жовтис, таъқиби Аблиязов нишон медиҳад, ки Нурсултон Назарбоев, то замоне ки ин мунтақиди худро ҳам хомӯш накунад, ором намегирад:

“Назарбоев, дар хориҷ чанд рақиб дорад, вале Аблиёзов дар миёни онҳо, сарсахтарин рақибаш аст, ки бо талошҳои пайваста мехост, ҳукумат ва шахсан Назарбоевро ба чолиш бикашад. Ҳамаи ин ба андешаи ман, Назарбоевро бисёр асабонӣ ва хашмгин кардааст, ки як нафар аз хориҷ истода ӯро ба чолиш мекашад.“
XS
SM
MD
LG