Пайвандҳои дастрасӣ

Алиев дар интихоботи Озарбойҷон ширкат мекунад


Ҳизби ҳокими Озарбойҷони Нав, раиси ҷумҳури феълӣ Илҳом Алиевро номзад ба мақоми раиси ҷумҳур дар интихоботи моҳи октябр пешниҳод кардааст. Рӯзи ҷумъа дар анҷумани панҷуми Ҳизби Озарбойҷони Нав, Илҳом Алиев, дигарбора раис ва ҳамсараш Меҳрубон, яке аз чаҳор муовинаш интихоб шуд. Илҳом Алиев, ки даври дуввуми раёсати ҷумҳуриаш дар Озарбойҷон моҳи октябр ба поён мерасад, аз соли 2003 дар ин кишвар ҳукумат мекунад. Ӯ баъди беморӣ ва пеш аз марги падараш Ҳайдар Алиев, раиси ҷумҳури собиқи Озарбойҷон қудратро ба даст гирифт ва соли 2009 бо ислоҳи Қонуни Асосӣ роҳи худро барои интихоби дигарбора ба мақоми раиси ҷумҳур боз кард. Ҳомиёни ҳуқуқ пайваста Илҳом Алиевро барои саркӯби дигарандешону, фасоду ришвахорӣ ва нақзи ҳуқуқии мардум интиқод мекунанд.
XS
SM
MD
LG