Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Иттиҳодияи Аврупо ба нахуствазири Туркия


Штефан Фюле, кумиссионери умури густариши Иттиҳодияи Аврупо ба Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия ҳушдор дод, ки дар демократия истифодаи нерӯи беш аз ҳад алайҳи тазоҳургарон “ҷой надорад”. Штефан Фюле дар як конфронсе дар шаҳри Истанбул, ки Раҷаб Тайиб Эрдӯғон ҳам дар он ҳузур дошт аз саркӯби тазоҳургарон дар Туркия изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт:" Ҳоло муҳим он аст, ки таҳқиқи зуду шафофи ин амалҳо шурӯъ шавад, балки гунаҳкоронро ҳам бояд ба масъулият бикашанд." Дар тазоҳуротҳои давомдори зиддиҳукуматӣ дар ин кишвар то кунун се нафар кушта ва ҳазорон тани дигар захмӣ шудаанд. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон уфт, ки “аз хостҳои демократии ҳар кас истиқбол мекунад”, вале мухолифи терроризму хушунат ва ваҳшигарӣ аст. Аз ҳафтаи гузашта то кунун даҳҳо ҳазорон нафар дар Туркия алайҳи ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдӯғон тазоҳурот карданд. Онҳо мегӯянд, ки ҳукумати исломгарои нарми рӯ ба шеваҳои автократӣ овардааст.
XS
SM
MD
LG