Пайвандҳои дастрасӣ

Поёни мунозираи довталабони курсии президенти Эрон


Рӯзи ҷумъа мунозираи саввуми телевизионӣ ва ниҳоии ҳашт номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон ба поён расид. Довталабони курсии раиси ҷумҳур дар ин мунозира ба масоили дохилӣ ва сиёсати умури хориҷӣ таммаркуз карданд. Алӣ Акбар Вилоятӣ, вазири собиқи умури хориҷии Эрон, аз ҷумла гуфт, дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, бо кишварҳои дигар равобити “созандаро” ба роҳ монда ва обрӯи Эронро дар арсаи байналмилал боло хоҳад бурд. Номзади дигар ва профессори донишгоҳ Муҳаммадризо Ориф гуфт, Эрон бояд бо миллионҳо эронии берун аз кишвар муносиботи хуб барқарор карда ва онҳоро ба ҳайси “сафирони фарҳангии” кишвар истифода барад. Аксари номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳури Эрон сиёсати кишварҳои ғарбӣ нисбат ба Эронро интиқод карданд. Аз ҷумла Саид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон, гуфт, бо вуҷуди ҳамкорӣ бо кишварҳои ғарбӣ дар масъалаи Афғонистон, Амрико Эронро ҳамчунон “меҳвари шарорат” ном мебарад. Ба гуфтаи Саид Ҷалилӣ, Эрон бо Амрико дар бисёре аз масоил бахусус дар робита ба Исроил ихтилофоти назари бунёдӣ дорад. Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон рӯзи 14 июн баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG