Пайвандҳои дастрасӣ

СММ барои Сурия 5 миллиард доллар кӯмак хост


Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои ҷаҳон хост, барои иҷрои барномаҳои хайрия дар Сурия 5 миллиард доллар кӯмак кунанд. Муроҷиатномаи мазкур рӯзи ҷумъа дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Женева нашр шуд. Созмони Милал мегӯяд, интизор дорад, ки бештар аз 10 миллион нафар ва ё нисфи аҳолии Сурия то охири соли 2013 ба кӯмакҳои хайрия мӯҳтоҷ хоҳанд шуд.
Валерия Амос, ҳамоҳангсози барномаҳои имдодии Созмони Милал дар ин ҳамоиш гуфт:"Ба тахмини мо, 6 миллиону 800 ҳазор нафар аз мардуми Сурия ҳоло мӯҳтоҷи кӯмакҳои фаврӣ ҳастанд. Яъне аз ҳар се нафар як нафар дар Сурия мӯҳтоҷи кӯмакҳои фаврӣ аст. Ва аз моҳи май то апрел теъдоди беҷошудагон дар Сурия ду баробар афзудааст." Ба гуфтаи мақомоти Созмони Милал, бадтар шудани авзоъи амниятӣ, бештар шудани теъдоди паноҳандагон ва поёни номаълуми муноқиша сабаби тақозои кӯмаки бештари молӣ барои барномаҳои имдодӣ дар Сурия шудааст. Муассисаи умури паноҳандагони Созмони Милал мегӯяд, интизор дорад, ки теъдоди паноҳҷӯёне, ки аз Сурия ба кишварҳои ҳамсоя фирор кардаанд, аз 1 миллиону 600 ҳазори феълӣ то поёни соли 2013 ба 3 миллион 450 ҳазор нафар хоҳад расид. Дар маҷмӯъ ба гуфтаи Созмони Миллал дар низоъи дусолаи Сурия бештар аз 80 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG