Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон ширкате таъсис меёбад, ки таърихи қарзу пардохтҳоро сабт ва дар ҳолати зарурӣ гузориш мекунад.

Бо таъсиси нахустин бюрои эътимодсанҷии молиявӣ дар Тоҷикистон барои афроде, ки чанд бор аз бонҳо қарз гирифтаву онро сари вақт бозгардондаанд, гирифтани қарзи бештар ба маротиб осонтар хоҳад шуд.

Ниҳоди нав бо номи Бюрои кредитии «Тоҷикистон» бо ризогии ҳар нафар ва ё ширкат маълумоти "қарзнома" ё марбут ба қарз ва пардохтҳоро гирдоварӣ ва дар заминаи ин маълумот дараҷаи эътимоди молиявии онҳоро муайян мекунад. Вақте ки шахс ё ширкат дубора мехоҳад барои бароварда кардани як эҳтиёҷи дигараш қарз бигирад, маcъули бонк аз ин бюро гузаштаи «кредитии» онҳоро дархост карда, бо «номаи аъмол»-и қарзгиранда шинос мешавад. Дар сурати доғдор набудани муносибатҳои ин шаҳрванд бо бонкҳо вай метавонад, ба таври осон ва ба зудӣ аз бонк қарз гирад.

Алессио Милано роҳбари лоиҳаи бунёди бюрои кредитии Тоҷикистон аз ширкати итолиёвии CRIF, ки аз моликони ширкати нав хоҳад буд, мегӯяд, ин ниҳод бо иҷозаи ҳар як қарзгиранда «таърихи кредитҳо»-и ӯро омода мекунад: «таърихи кредитии ҳар як муштариро бюро дар асоси гузориши бонкҳо, ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ, ширкатҳои мобилӣ ва ҳатто хадамоти коммуналӣ ҷамъоварӣ мекунанд. Дар асоси ин гузоришҳо муайн мешавад, ки то куҷо ин муштарӣ дар сари вақт пардохтани қарзҳояш масъул аст. Баъдан ин маълумотро бюро дар шакли ҳисобот ва ё рейтинги кредитӣ ба ташкилотҳои қарздиҳанда мефурӯшад.»

Коршиносони соҳаи молия мегӯянд, дар сурати пурра фаъол шудани бюрои кредитӣ аз як ҷониб муштариён биндуни ҳуҷҷатҳои зиёд ва монеаҳои бюрократӣ метавонанд аз бонк қарз бигиранд ва бонкҳо бошанд дар навбати худ барои таҳлили вазъи молиявии қарзгирон вақти камтар сарф мекунанд. Аз ин рӯ фаъолияти ин бюро ҳамчунин боиси поин рафтани баҳра ё сарбахшҳои қарзҳои бонкӣ мешавад.

Муҳаббат Самиева, як сокини Душанбе мегӯяд, қаблан чанд бор аз бонкҳо қарз гирифта, сари вақт онро бозпас гардондааст. Вай мехост, барои рушди тиҷораташ воми бештар гирад, вале бонкҳо аз ӯ ҳуҷҷатҳои зиёд ва ба гарав мондани хонаашро талаб кардан. Ин сабаб гашт, ки ӯ аз ин тасмимаш даст кашад: «Масалан як ҳамсояи мо аз бонк қарздор аст. Ӯ ҳам дӯкон ва ҳам хонааш дар шаҳрро ба гарав монда буд. Лекин қарзи гирифтаашро гардонда натавонист ва ҳоло бояд хонаашро фурӯшаду пули бонкро бозгардонад.»

Дар ҳамин ҳол, Заррина Одинаева роҳбари лоиҳаи тақвиятбахшии зербинои молиявӣ дар Осиёи Миёна ва Қафқоз мегӯяд, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар як соли фаъолияташ бюроҳои кредитӣ бозори молиявии кишварҳоро дигаргун мекунанд: «вақте қарзгиранда ба бонк меояд, бонк дар навбати худ дар мавриди ин қарзгир аз бюрои кредитӣ маълумот талаб меканад ва мебинад, ки нафар қаблан бо бонкҳо чи гуна муносибат карда буд. Масъули бонк дар як муддати кӯтоҳ метавонад тасмим бигирад ки ба ин шахс қарз ҷудо кунад ё не».

Бюрои кредитии «Тоҷикистон» ягона ширкати хусуси молиявист, ки моҳи декабри соли 2010 аз Бонки миллӣ барои расонидани хадамоти иттилоотӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ иҷозаи фаъолият дарёфт кардааст. Аммо ба далели надоштани таҷҳизоти зарурӣ он ҳоло пурра ба кор сар накардааст. Соли гузашта саҳҳомони ин ширкат -- «Агроинвестбонк», «Ориёнбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва чанд созмони хурди қарздиҳӣ 49 дарсади саҳмияҳои онро ба ташкилоти молиявии Итолиёвӣ CRIF фурӯхтанд, ки дар арсаи ташкили бюроҳои кредитӣ таҷрибаи зиёд доштааст. Акнун ширкати CRIF бюрои кредитии «Тоҷикистон»-ро бо системаи оперативии махсус таъмин карда, кормандони онро омӯзиш додаст ва дар рӯзҳои наздик ба фаъолият шурӯъ мекунад.
XS
SM
MD
LG