Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Комиссари тавсеаи Аврупо истифодаи нируро нораво донист


Стефан Фуле (акс аз бойгонӣ, Фуле дар ҳоли сӯҳбат)

Стефан Фуле (акс аз бойгонӣ, Фуле дар ҳоли сӯҳбат)

Стефан Фуле-комиссари тавсеаи Иттиҳодияи Аврупо ба Реҷеп Тайип Эрдуғон ҳушдор дод, ки беш аз андоза истифода кардани ниру бар зидди тазоҳуроти эътирозӣ дар демократия “ҷой надорад”.

Фуле дар ин бора дар як конфоронс дар Истанбул сухан меронд, дар конфронсе, ки худи Эрдуғон низ ҳузур дошт ва сабти изҳороти вай дар бораи саркӯб кардани эътирозгарон ба дасти нируҳои пулис пахш шуд.

Дар ҷараёни ин саркӯбиҳо 3 нафар кушта, ҳазорон нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар конфронси Истанбул Эрдуғон гуфт, ки “қалби вай барои ҳар шахсе, ки дархостҳои демократӣ дорад, боз аст”. Вале изофа кард, ки “мо мухолифи терроризм, хушунату ваҳшоният ва амалҳое ҳастем, ки ба озодиҳои дигарон таҳдид мекунад”.
XS
SM
MD
LG