Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҷойи холишудаи зани Путинро кӣ мегирад?


Ҷудоии ғайримунтазираи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аз ҳамсараш Людмила, ки сӣ сол бо ҳам зистаанд, ба сӯҳбати хосу ом табдил ёфтааст.

Талоқи ғайримунтазираи Владимир Путин бо ҳамсараш Людмила, баъди сӣ соли зиндагии якҷоя, акнун ба сӯҳбати хосу оми мардуми Русия тадбил ёфта ва домани ин баҳсҳо то ба Тоҷкистон расидааст. Ин хабар худи русҳо ва мардуми кишварҳои дигари собиқ шӯравиро шигифтзада кард. Агар бигӯем, ки Путин як оиладори хуб буд ва зиндагии хусусии барои ҷомеа шаффоф дошт, иштибоҳ мебуд. Зеро солҳои охир ин тахиминҳо, ки Путин кайҳо боз бо ҳамсараш зиндагӣ намекунад, вирди забонҳо буд.

Хабари талоқи Путин бо бонуи аввали Русия аҳли баҳсро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ду сангар қарор дод. Агар як ҷониб аз ин иқдоми Путин ҷонибдорӣ мекунад, ҷониби дигар аз ин амал таасуф мехӯрад. Аз ҷумла дар баҳсҳои атрофи талоқи Путин бо занаш дар Фейсбук, иддае рафтори Путинро нисбати ҳамсараш хиёнате беш намедонанд ва дар робита ба ҳамсари ӯ изҳори раҳму шафқат мекунад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00
Линки мустақим

Бархе дигар ин талоқро кори хусусии Путин медонанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба умури давлатдориаш таъсир намегузорад. Путин ҳамеша кӯшидааст, ки зиндагии хусусиаш пардапӯш бошад. Танҳо солҳои охир, вақте зуҳури бонуи аввал Людмила дар маърази ом ба андозаи назаррас коҳиш ёфт, матбуоти дохилӣ ва хориҷӣ ба оилаи президент таваҷҷуҳ карданд. Дар таърихи беш аз 300-солаи ахири Русия барои бори аввал аст, ки раҳбари ин давлат талоқи худро матбуотӣ кардааст. Бархе ҳам гуфтанд, ки бо ин иқдом Путин собит кард, ки ӯ ҳам як инсони маъмулӣ аст ва забон наёфтан бо ҳамсараш низ бояд ҳамчун як амали маъмулӣ талаққӣ шавад, ки дар бисёр оилаҳо ба мушоҳида мерасад.

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик
Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик
Ҳанӯз аз замони Шуравӣ ақидае вуҷуд дорад, ки муносибати хуби зану шавҳар ва оромиш дар оила мувафақияти мард аст, на аз хонуми хонавода. Аз ин хотир новобаста аз мавҷудияти мушкилот дар хонавода, давлатмардон ҳамеша кӯшиш мекарданд, мушкилоти оилаҳои худро аз назари ҷомеъа пинҳон нигаҳ доранд ва хушбахсии худро дар аксу наворҳо ба намоиш гузоранд. Владимир Путин низ дар ин радиф истисно нест. Ӯ ҳам ин корро 8 сол ба ин сӯ анҷом додааст.

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, таъсири зиндагии хусусӣ бо кор ин як идеологияи замони шуравӣ буд ва набояд ба он пойбанд боқӣ монд. «Дар аксарияти мардуми собиқ шуравӣ як афкоре вуҷуд дорад, ки бояд давлатмардон аз зиндагии хусусии худ дар назди ҷомеа ҳисобот бидиҳанд. Аммо ман фикр мекунам, ки ҷомеаи муосир бояд чунин ҳолатҳоро хуб қабул накунад. Зеро муҳим он ҳаст, ки ҳар ду ҷониб бо ризояти ҳамдигар ҷудо шуданд ва шояд дар алоҳидагӣ зиндагии боз ҳам беҳтар дошта бошанд. Бештар аз ин ман агар Путин боз дигарбора издивоҷ кардани бошад, ин ҳам як амали табии аст»- мегӯяд Зафар Абдуллоев. Вай меафзояд, чун ин тасмими худро Владимир Путин ба таври расмӣ эълон кард, табиист, ки то як муддат дар ҷомеа баҳсу баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳуриниссо Ғаффорзода, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, Путин тавонистааст, Русияро ҳамчун кишвари пурқудрат нигаҳ дорад ва даргумон аст, ки зиндагии шахсии ӯ эътимоди мардумро ба камтар кунад. Бо ин ҳама ин ҷомеашинос ошкорбаёнии раисиҷумҳури Русияро нишони мардонагӣ медонад. Ӯ мегӯяд, дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон низ давлатмардон то ҳанӯз кӯшиш мекунанд,
Ҳуринисо Ғаффорова
Ҳуринисо Ғаффорова
муносибат ва асрори хонаводагияшонро пинҳон доранд, ки аксаран боиси ба вуҷуд омадани овозаҳо мешавад. «Агар аз зовияи Тоҷикистон бигирем, воқеан аз он, ки сарону вазирони мо занони дуввуму сеюм ва маъшуқаҳои пинҳонӣ доранд, ки ҳеҷ ҳуқуқашон ҳимоя намешавад, беҳтар аст ки кушоду равшан бигӯянд ва роҳбарони мо ҳам заъфи худро эътироф кунанд.Зеро ҳар қадар пинҳон нигоҳ дорем, ҳамон қадар мардум дар ҷустуҷӯ мешаванд. Ва ин ҷасорати Путин буд, ки мардона эътироф кард.»

Он чӣ ҳам бештар сари забони мардум ба дунболи ҷудоии Путин бо ҳамсараш садо медиҳад, ин аст, ки агар раиси ҷумҳури як кишвари абарқудрат натавонистааст, ҳаёти хонаводагиашро саранҷом кунад, пас чӣ гуна метавонад, аз ӯҳдаи раҳбарии ин кишвар барояд. Дар ҳамин ҳол Александр Рар рӯзноманигори олмонӣ , ки дар бораи зиндагиномаи Путин чандин китоб таълиф кардааст,бар ин аст, ки ба гунае ки набошад, раҳбари Русия бо ин амали худ «таваккул»-и бузург кардаст. Ба навиштаи ӯ агар Калисои русӣ дар ин замина хомӯширо пеша кунад, вале ба гумон аст, ки мардум ин талоқро бо тафоҳум бипазиранд. Зеро талоқи раҳбарияти давлат ҳамеша хатарнок аст махсусан дар Русия, ки чеҳари президент ҳамчун симои давлатдории нави ин кишвар муаррифӣ мешавад.

Аммо ҳоло як суол дар зеҳнҳо чарх мезанад, ки Путин то кай муҷаррад мемонад ва ҷойи холишудаи бонуи аввалро кӣ мегирад?
XS
SM
MD
LG