Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифон хушунатпарҳез буданд ё акнун хоҳанд шуд?


Таҷаммӯи соҳибкорони бозори "Корвон", Душанбе, 6-уми июни соли 2012.

Таҷаммӯи соҳибкорони бозори "Корвон", Душанбе, 6-уми июни соли 2012.

Тарафдорони фарҳанги муборизаи сиёсии бидуни зӯроварӣ мегӯянд, ҳадафи онҳо ҳифзи Тоҷикистон аз нооромиҳои эҳтимолӣ дар соли интихобот аст.

Эътилофи ҳифзи демократия -- як иттиҳоди нави мухолифони ҳукумати Тоҷикистон хушунатпарҳезӣ ё мубориза бидуни зӯровариро шеваи кори худ интихоб кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон 15 соли охир хоста ё нохоста дар маҳдудаи ҳамин фарҳанг фаъолият кардаву ба ҷое нарасидаанд.

Аммо Қирғизбек Қонунов, узви садорати Эътилофи ҳифзи демократия, ки аҳзоби мухолифи ҳукумат, созмонҳои ҷамъиятӣ ва афроди алоҳидаи маъруфро гирди ҳам овардааст, мегӯяд, баръакс то имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон танҳо роҳи муборизаи хушунатомезро медонист ва ҳоло бо назардошти хатарҳои ҷиддӣ барояш роҳи наве пешниҳод мешавад: «Мисли дигар давлатҳо, масалан, Гурҷистон ва Қирғизистон мо наметавонем мушкиламонро бо зӯроварӣ ҳал кунем. Агар дар Тоҷикистон боз аз зӯроварӣ кор гирифта шавад, кишвар ба 25 – 30 соли дигар қафо меравад. Яъне мо ба халқ алтернативаи зӯровариро пешниҳод мекунем. То имрӯз ин алтернатива набуд ва ҳоло ба миён омад.»

Муаррих Камол Абдуллоев, аз назарияпардозони хушунатпарҳезӣ дар Тоҷикистон дар як матлаб менависад, ки таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо зӯроварӣ навишта шудааст ва фақат дар ин байн шаш сол – аз соли 2003 то 2009 нисбатан ором буд, аммо он ҳам дар пай ҳаводиси Рашту Хоруғро дошт ва ҳоло соли интихоботи президентӣ аст, ки эҳтимоли сар задани хушунатҳоро Ёқуби Саид, рӯзноманигори тоҷик.

Ёқуби Саид, рӯзноманигори тоҷик.

бештар кардааст. Ба ақидаи ӯ, ҷомеаи шаҳрвандӣ қадам ба қадам таҳаввул кунад, аз ҷумла сари тағйири қонуни интихобот ва баррасии мунсифонаи қазияи Зайд Саидов исрор варзад, талаб кунад, ки омилони латукӯби фаъолони сиёсӣ ошкор карда шаванд ва ё як далели фасодро худ фош ва ба ҳукумат пешниҳод намояд.

Вале коршинос Ёқуби Саид мегӯяд, ин тарзи бархӯрд бештар ормонгароёна аст, вақти зиёд ва кӯшишҳои пайвастаро мехоҳад ва имрӯз ба дард намехӯрад: «Суол ин аст, ки кай ҳамин ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳамин созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, ба қавле, зӯровар буданд? Мо онҳоро ҳамеша баръакс мебинем, яъне мешавад гуфт, ки зӯроварӣ дар амали мухолифону интиқодгарони имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон набуд ва ба гумон аст, ки ақидаи бидуни зӯроварӣ, ё тавре мегӯянд, хушунатпарҳезии онҳо ҳам муваффақ бошад. Чун фишанги фишор надоштанду надоранд. Баръакс, ин як гуна ҳаммавқеии онҳо бо ҳукумат метавонад бошад, яъне ҳукумат онҳоро маҳз ҳамин тавр мехоҳад бинад.»


Ҳарчанд муассисони эътилоф қабул надоранд, бисёриҳо бар инанд, ки иддаои хушунатпарҳезӣ як навъ даъвати пардапӯш аз ҳукумат аст, ки агар мардум талабу даъвое карданд, дар муқобили онҳо аз зӯр кор гирифта нашавад. Иддае дигар таблиғоти тоҷикони хориҷ аз Тоҷикистон ба ҳангоми амалиёти неруҳои ҳукуматӣ дар Бадахшонро мисоли барҷастаи муборизаи бе зӯроварӣ унвон мекунанд, ки ба қатъи ин амалиёт сабаб гаштааст.

Баҳси хушунатпарҳезӣ дар ҳоле авҷ мегирад, ки Сафват Бурҳонов, як рӯзноманигори тоҷик даст ба эътирози бидуни хушунат – гуруснанишинӣ зада, аз ҳукумат даҳ талаб кард, ки мушкилоти умдаи рӯзро дарбар мегиранд. Аммо эътирози ӯ то ҳол натиҷа надода, касе аз мақомот сабаб напурсидааст: «Ба ман фақат вокуниши онҳо даркор аст. Як нафар аз ҳукумат ба ман омада оддӣ Рӯзноманигор Сафват Бурҳонов имрӯзҳо даст ба гуруснанишинӣ задааст.

Рӯзноманигор Сафват Бурҳонов имрӯзҳо даст ба гуруснанишинӣ задааст.

гӯяд, ки бале, мо ин мушкилотро медонем. Чун инро гуфтанд, ман ҳам як суол карданиям: агар донед, чаро паси ҳаллаш нестед.»

Ин намуна низ нишон медиҳад, ки фарҳанги муборизаи бидуни зӯроварӣ як сароби сиёсие беш нест. Аз сӯе ҳам ҳукумат ба ташкили хурдтарин раҳпаймоии эътирозӣ низ иҷоза намедиҳад ва синдроми ҷанги шаҳрвандӣ ҷомеаро низ аз чунин ташаббусҳо бозмедорад.

Ақидаи хушунатпарҳезии сиёсӣ таърихан аз пирӯзиҳои Маҳатма Ганди ва Мартин Лютер Кинг берун омадааст. Бо истифода аз он Ганди тавонист мардуми Ҳиндро муттаҳид кунад ва мустамликадории Бритониёро шикаст диҳад. Кинг низ барои сияҳпӯстон дар Амрико роҳи дастрасӣ ба ҳуқуқҳои инсониро нишон дод. Аммо муваффақияти ин ҷунбишҳоро бештар на худи фарҳанги нобарзӯрӣ, балки пешвоёни пурҷозиба ва ҳимояти васеи мардум таъмин намудаанд, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз ҳеҷ кадоми онҳо дида намешавад.

Камол Абдуллоев низ бар лидери ягона таъкид мекунад, ки чеҳраи хеле «поку мусаффо» дошта бошад ва ин ҳаракати мардумиро сарварӣ кунад. Ба назари Ёқуби Саид, ин ҳам як бардошти назариявӣ ва барғалат аст, чун таври маълум, ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчунин шахсиятҳои «нарм» - ро қабул надорад ва ба истилоҳ, «табармусалмон» ё ситампараст аст. Ин ҳама коршиносонро ба натиҷае овардааст, ки эҳтимол радди зӯроварӣ кишварро аз таконҳои иҷтимоӣ ҳифз кунад, аммо гумон аст, ҳадафҳои сиёсиеро бароварда созад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG