Пайвандҳои дастрасӣ

Гуруснашинии журналисти тоҷик идома дорад


Савфат Бурҳонов рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, аз эълони гуруснашинии ӯ ду руз мешавад ва аксари расонаҳои ахбори ом дар ин бора хабар дода бошанд ҳам, то ҳол ягон намояндаи давлат ва созмонҳои маҳаллию хориҷӣ аз ӯ напурсидаанд, ки чаро даст ба чунин кор задааст. Рӯзноманигори тоҷик мегуяд, то замоне, ки мақомоти дахлдор ба масъалаҳои пешниҳодии вай вокуниш нишон надиҳанд, ба гуруснанишинияш идома хоҳад дод.

Дар инмаи дуввуми рӯзи чоршанбе Савфат Бурҳонов бо пахши як иттилоия аз оғози гуруснанишиниаш хабар дода ҳалли ҳатмии 10 масъалаи мубрами ҷомеаро дар миён гузоштааст. Вай аз ҷумла вай пешинҳод кардааст, ки «Ҳайати бебарори роҳбарияти сохторҳои иқтисодии кишвар пурра нав карда шавад», « Кишвар бояд аз бунбасти сунъӣ, ки нишонаи бебарории сиёсати хориҷист, бароварда шавад», « Реформаи оҷили неруҳои мусаллаҳи кишвар анҷом дода шавад»,» Роҳбарияти мақмомти кишоварзӣ ва соҳаи об иваз карда шуда , барномаи коршоями кишоварзӣ ва ирригатсионӣ таҳия шавад».
XS
SM
MD
LG