Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Гурҷистон ба Афғонистон рафт


Ираклӣ Аласания-вазири дифои Гурҷистон вориди Афғонистон шудааст. Як рӯз пеш дар вилояти Ҳилманд дар инфиҷори мошини бамгузоришуда 7 сарбози гурҷӣ кушта шуданд.

Аласания боздид аз Брусселро қатъ кард ва барои дидор бо сарбозони захмӣ ба вилояти Ҳилманд рафт. Вазорати дифои Гурҷистон мегӯяд, ки сарбозони кушташуда моҳи апрели соли ҷорӣ барои хидмат ба Афғонистон рафта буданд.

Рӯзи ҷумъа Толибон дар сомонаи интернетии худ бо номи “Садои Ҷиҳод” масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд. Ин маргбортарин ҳамла ба нируҳои Гурҷистон дар Афғонистон будааст ва акнун шумораи низомиёни кушташудаи гурҷӣ дар Афғонистон ба 29 нафар расид.

Гурҷистон узви паймони НАТО нест ва дар Афғонистон тақрибан 1600 нафар низомӣ дорад.
XS
SM
MD
LG