Пайвандҳои дастрасӣ

Илҳом Алиев бори дигар номзади раёсати ҷумҳурӣ муаррифӣ шуд


Илҳом Алиев бо хонумаш

Илҳом Алиев бо хонумаш

Ҳизби ҳоким бо номи “Ҳизби нави Озарбойҷон” барои интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии ин кишвар Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури кунуниро номзад пешбарӣ кард. Ин интихобот барои моҳи октябр пешбинӣ шудааст.

Дар Анҷумани панҷуми ҳизб дар Боку ин ҳизб бори дигар Илҳом Алиевро раиси ҳизб ва Меҳрубон Алиева-хонуми раиси ҷумҳурро яке аз чаҳор муовини раис интихоб кард.

Илҳом Алиев аз моҳи октябри соли 2003 раҳбарии Озарбойҷонро бар уҳда дорад ва соли ҷорӣ даври дуввуми раёсаташ ба поён мерасад. Вай замоне ба ин мақом интихоб шуд, ки падараш Ҳайдар Аалиеви солманд дар бистари беморӣ буд. Баъд аз ду моҳ дар моҳи декабр падараш даргузашт.

Соли 2009 дар Қонуни Асосӣ тағирот ворид карданд ва тибқи он як нафар танҳо ду давра пайдарҳам метавонад ба курсии раёсат биншинад.
XS
SM
MD
LG