Пайвандҳои дастрасӣ

Рогозин: Системаи нав сипари дифоии Амрикоро мезанад


Дмитрий Рогозин

Дмитрий Рогозин

Дмитрий Рогозин-муовини нахуствазири Русия мегӯяд, сипари дифои мушакии барномарезишудаи Амрико наметавонад аз эҷоди мушакҳои навини болдори қорапаймои Русия пешгирӣ кунад. Вай рӯзи ҷумъа дар Маскав зимни суханроние гуфт, Русия такмили аслиҳаи худро идома медиҳад, то “озодии комили амалро барои мо таъмин кунад ва кишвари мо битавонад ба ҳар таҷовуз ҷавоб диҳад”.

Вай гуфт, системаеро эҷод мекунад, ки ҳар гуна системаи дифои мушакиро метавонад нобуд созад. Рогозин гуфт, ки шаби панҷшанбе дар минтақаи Астрахан як мушаки нави болдори қорапаймои Русия аз сакуи муҳаррик партоб шуд ва муваффақиятомез мавриди озмоиш қарор гирифт.

Рогозин ҳамчунин шабакаҳои иҷтимоии интернетиро як унсури ҷанги интернетӣ бар зидди Русия арзёбӣ кард. Вай гуфт, ки ин шабакаҳо барои таъсир гузоштан ба ақидаи мардум истифода мешаванд ва эътибори ҳукматро поин мебаранд.
XS
SM
MD
LG