Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифон минбари порламонро муҳосира карданд


Дар порламони Украина намояндагон аз ҳизби Баткившина ё Падарватан бори дигар минбари порламонро ба муҳосираи худ гирифтанд.

Володимир Рибак-раиси порламон маҷбур шуд ҷаласаи шоми панҷшанбеи порламонро аз ҷои нишасти меҳмонони порламон пеш барад. Субҳи рӯзи панҷшанбе низ минбар дар муҳосира буд.

Намояндагони ҳизби мухолиф талаб доранд, ки Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина ба порламон ҳозир шавад ва бар асоси Қонуни Асосӣ паёми солона фиристад. Мухолифон мегӯянд, ки солҳост Янукович ин дархости Қонуни Асосиро риоят намекунад ва фақат матни паёми солонаи худро ба намояндагон мефиристад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG