Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Раҷаб Тайиб Эрдуғон-нахуствазири Туркия баъд аз боздиди хориҷӣ ба Ватан баргашт, то тазоҳуркунандагони ба ғазабомадаро ором кунад. Субҳи рӯзи ҷумъа баъд аз бозгашт ҳазорон нафар ҷонибдоронаш ба истиқболи вай баромаданд.

Вай изҳор дошт, ки эътирозкунандагон ба “марзи беқонунӣ” наздик шудаанд ва “бояд фавран тазоҳуротро хотима диҳанд”. Тазоҳурот баъд за он шурӯъ шуд, ки ҳукумат тарҳи бунёди сохтмонҳо дар Майдони Тақсимро муаррифӣ кард.

Эътирозгарон даҳҳо ҳазор нафарро, ки аз Эрдуғон барои якравии беш аз пеш ва худкомагӣ интиқод мекунанд, ба тазоҳурот ҷалб карданд. Аммо Эрдуғон ин ҳарфҳоро қабул надорад.

Аз оғози тазоҳурот 3 нафар кушта, тақрибан 4000 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Эътирозгарон намехоҳанд, ки дар Майдони Тақсим сохтмонҳо бунёд кунанд. Вале Эрдуғон мегӯяд, ки ин нақшаро ба иҷро хоҳад даровард.
XS
SM
MD
LG