Пайвандҳои дастрасӣ

Бунёди терминали нави Фурудгоҳи Душанбе соли 2014 такмил мешавад


Мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯянд, сохтмони терминали нав барои мусофирон соли 2014 такмил хоҳад шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Фурудгоҳи байналмилии Душанбе, терминали нав дар асоси қарордод миёни Тоҷикистон ва Фаронса сохта мешавад. Маблағи умумии сохтмон 39 млн евроро ташкил медиҳад, ки 20 миллиони онро фурудгоҳи Душанбе ва 19 миллиони дигарро ҷониби Фаронса пардохт мекунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, масоҳати умумии терминал 11 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, хизматрасонӣ ба 500 мусофир дар як соат ба назар гирифта шудааст. Ширкати сохтмонии «VINCI» аз 28 ноябри соли соли 2012 ба сохтмони терминал шурўъ кард ва айни ҳол корҳои вобаста ба бетонрезӣ пурра анҷом ёфта, васл намудани конструксияҳои металлӣ идома дорад. Аз моҳи июл бошад васли шабакаҳои мухандисӣ-техникӣ оғоз мегардад. Дар назар аст, ки терминали нав то охири соли 2014 ба истифода дода шавад. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз калонтарин фурудгоҳҳои кишвар ба ҳисоб рафта интиқоли мусофирон ҳамасола рӯ ба афзоиш дорад. Соли 2012 ба 1 349 164 мусофир хизмат расонида шудааст.
XS
SM
MD
LG