Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давлатманд Холов, ҳунарманди маъруфи Тоҷикистон, ки дар Эрон бо лақаби «Оқои дур машав» маъруф аст, ҳамроҳи ду писараш барои иҷрои барномаи ҳунарӣ ба он кишвар хоҳад рафт.

Давлатманд Холов, ҳунарманди мумтози тоҷик рӯзи 6-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар садади як сафари 7-рӯза ба Эрон қарор дорад. Вай гуфт, ки бояд дар наздиктарин фурсат даъватномаи Вазорати хориҷаи Эрон ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон бирасад ва ӯ ҳамроҳи ду писараш интизори меравад дар таърихи 17-уми июн бо сафари ҳунарӣ озими Эрон шаванд.

Давлатманд Холов афзуд, «дар ин сафар маро ду фарзандам, ки овозхонӣ хоҳанд кард, Лоиқшо ва Рӯзимад ҳамроҳӣ мекунанд.»

Вай гуфт, ки дар репертуари консертиаш таронаву сурудҳо аз осори классикон ва шоироин муосир аст ва умедвор аст мавриди писанди мардуми Эрон қарор хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол Суҳайлопури Гиромӣ, сарпарасти гурӯҳи мусиқии “Овои меҳрубонӣ” дар суҳбат бо расонаҳои Эрон, аз ҷумла бо “tajik.irib.ir”, гуфтааст, ки сафари Давлатманд Холов, ҳунарманди маъруфи тоҷик мебоист дар таърихи 24 ва 25 май сурат мегирифт, аммо ба далели наздикӣ ба замони интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон, ин барнома ба моҳи июн гузошта шудааст.

Суҳайло Пургиромӣ-сарпарасти гурӯҳи мусиқии "овои меҳрабон" бо эъломи ин хабар гуфт: Пеш аз ин дар ахбори таърихи 3-4 хурдод (24-25 май) эълом шуда буд аммо ба далели наздикӣ ба замони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ин барнома ба тирамоҳ мавкул шуд.

Вай дар бораи чигунагии даъват аз Давлатманд Холов барои иҷро дар Эрон ва ҳамроҳӣ бо гурӯҳи "Овои меҳрабон" хотирнишон кард, "аз онҷое, ки барои иҷрои барномаҳои мухталиф ба Тоҷикистон мерафтам, бо корҳои Давлатманд ошно будам ва дар ҳамин росто аз онҳо даъват кардем то дар Эрон консерт дошта бошанд.

Вай гуфт: "Дар бахши нахуст ба расми меҳмоннавозӣ Давлатманд ба саҳна меравад ва қатаоте чун "Бӯи ҷӯи Мулиён", "Ошноӣ" ва "Хандаи осмоннигар"-ро иҷро мекунад. Вай гуфт, дар бахши дигар, гурӯҳи "Овои Меҳрабон" чанд қитъаи маҳаллии озарӣ, лурӣ, хуросонӣ ва курдиро иҷро мекунад.

Вай дар бораи бахши поёни хотирнишон кард, иҷрои порчаҳое аз "Эй қавмӣ ба ҳаҷ рафта", "Дарё дарё" (шеъри Лоиқ Шералӣ), "Ватан" ва "Ин сарзамини ман" низ дар бахши поёни гунҷонида шуда аст, ки бо ҳамроҳии Давлатманд Холов ва гурӯҳи Овои Меҳрабон" иҷро хоҳад шуд.


Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG