Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин аз телевизиони Русия талоқ аз занашро эълон кард


Шоми рӯзи панҷшанбе Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия бо занаш Людмила Путина аз шабакаи телевизионии “Россия-24” эълон карданд, ки ба зиндагии оилавии худ хотима медиҳанд. Тавассути матбуот ин нахустин эътирофоти Путин аз зиндагии хусусиаш аст.

Шоми панҷшанбе Путин бо Людмила ба тамошои балети "Эсмеральда" рафтанд. Ин балет дар Кохи давлатии Кремл ба намоиш гузошта шуда буд.

Баъд аз поёни бахши аввали намоиш Владимир ва Людмила бо ҳам толорро тарк кардаанд. Баъд аз ин билофосила бинанадагони шабакаи телевизионии "Россия-24" шоҳиди “мӯъҷизае” шудаанд.

Хонаводаи раиси ҷумҳур аз ин шабака эълон кард, ки аз ҳам ҷудо мешаванд. Путин гуфт: “Ин тасмими муштараки ҳар дуи мост. Зиндагии оилавии мо ба поён расид”.
Онҳо амалан 30 сол зиндагии оилавӣ дошанд.
XS
SM
MD
LG