Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон нақшаҳои сохтмонӣ дар Майдони Тақсимро иҷро мекунад


Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия мегӯяд, ки ҳукумати вай нақшаҳои зиддунақизи сохтмонӣ дар Майдони Тақсими шаҳри Истанбулро бо вуҷуди тазоҳуроти эътирозомези зиддиҳукматӣ иҷро хоҳад кард.

Эрдуғон зимни суханони худ дар Тунис ба рӯзноманигорон гуфт, баъзе аз ононе, ки дар тазоҳуроти хушунатомез ширкат доранд, террорист мебошанд. Вале вай дар ин бора далел наовард.

Ҳоло тазоҳуроти эътирозӣ дар Туркия доманаи бештар паҳн кардааст ва баъд аз саркӯбии тазоҳуркунандагон аз тарафи пулис дар Майдони Тақсим тазоҳурот аз Истанбул ба пойтахт Анкара ва шаҳрҳои дигар рафтааст.
XS
SM
MD
LG