Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон мегӯяд, аз тарҳи Тақсим даст намекашад


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, мегӯяд, бо вуҷуди тазоҳуроти васеъи оммавии зиддиҳукуматӣ, аз иҷрои барномаи навсозии майдони Тақсим даст нахоҳад кашид. Ӯ ки рӯзи панҷшанбе дар Тунис сӯҳбат мекард гуфт, баъзе аз тазоҳургарони хашин террористон будаанд, вале ин гуфтаашро тавзеҳ накард. Боздиди Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз се кишвари шимоли Африқо рӯзи панҷшанбе хотима ёфт ва ӯ ба Туркия бозмегардад. Баъди саркӯби дурушти тазоҳургарон, ки алайҳи бунёди сохтмонҳои нав дар майдони Тақсим дар маркази Истанбул эътироз мекарданд, дар Туркия тазоҳуротҳои зиддидавлатӣ шурӯъ шуд ва аз Истанбул ба шаҳрҳои дигар доман зад. Аз замони оғози ин тазоҳуротҳо дар рӯзи ҷумъаи гузашта, то кунун 2 нафар кушта шудаанд ва ҳазорон тани дигар ба шумули садҳо маъмури пулис захм бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG