Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Домино"-бозии мӯсафедон дар боғи Кӯлоб


"Домино"-бозии мӯсафедон дар боғи Кӯлоб

"Домино"-бозии мӯсафедон дар боғи Кӯлоб

Каноре аз Боғи фарҳангу фароғатии Кӯлоб макони кӯҳансолонест, ки солҳо боз дар ин гӯша сарҷамъ мешаванд ва аз пошхӯрии Шӯравӣ бо ҳасрат ёд мекунанд.

Аксари онҳо коммунистҳои замонӣ шӯравӣ ва ё аз ҳаводорони ҳизби коммунист ҳастанд. Дар ҳоле ки ҳамсолони онҳо саллаву ҷомаву ҷелак ба бар кардаанд ва роҳи онҳо танҳо дар байни хонаву масҷид маҳдуд мешавад, коммунистҳои собиқи Кӯлоб бештари вақти худро дар гӯшаи боғи шаҳр дар сӯҳбатҳо то шом мерасонанд. Баъзеи онҳо акнун тоқӣ мепӯшанд ва риш ҳам мондаанд, вале аксар ҳоло ба «кепка»-ву «шляпа»- ҳои замони шӯравӣ содиқ мондаанд.




Ҳамарӯза аз 20 то 50 кӯҳансолро дар ин ҷо метавон пайдо кард, ки ҷиддан машғули бозиҳои шахмату домино ҳастанд ва сӯҳбаташон бештар атрофи зиндагии нохуби имрӯз ва ҳасрат аз «гузаштаи дурахшон»-и онҳост.


Барот Хоҷаев

Барот Хоҷаев

Барот Хоҷаев, комунисти собиқадор, ки 76 сол дорад, аз меҳмонони ҳамешагии ин кунҷи Боғи фарҳангу фароғати Кӯлоб аст. Ӯ ҳоло шабона дар ошхонае ба ҳайси посбон кор мекунад, вале рӯзона худро ба ин гӯша мерасонад ва вақтро бо ҳамсолонаш сипарӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, агар ин ҷо наояд, «дилаш мекафад».

«Давре, ки пеш буд, даври хуб буд. 25 сол даҳмарда будам, 25 сол дар хлебзавод кор кардам, рӯзамон ба подшоҳӣ мегузашт. Ҳозир хору зор шудаем ва барои бойҳо қаравулӣ карда гаштем. Ба ҳаминаш ҳам шукр. Ин ҷо меоем, чорта чақ-чақ мекунем, вақтамон хуш мешавад ва меравем паи кору бори худ,» - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Ғайратшо Темуров, меҳмони дигари ин Боғ мегӯяд, ӯро Шӯравӣ ҳамчун як шахси бекасу кӯй тарбият кард ва соҳиби обрӯву мансаб дар ҷомеа гардонд. Сӯҳбати ӯ бо ҳамсолонаш атрофии «бегона шудани бародарони советӣ» ва «дарбадарии ҷавонони тоҷик» сурат мегирад.

Ғайратшо Темуров мегӯяд: «Қариб 2 миллион тоҷик дарбадар аст. СССР барҳам хӯрд ва бародарию баробарӣ аз байн рафт. Бояд мо дигар ин қадар бисёр ба хориҷа наравем ва ватани худро обод кунем. Ман ба 72 расидам ва 4 фасли умрамро дидам, лекин дилам ба ҷавонон месӯзад, ки азоб доранд.»

Бархе аз ҷавононе, ки аз назди ин кӯҳансолон мегузаранд, онҳоро «масҷидгурез» унвон мекунанд. Асадулло Ҷабборов, як донишҷӯ мегӯяд, дар кунҷе аз Боғ нишастан ва қартабозӣ кардан зеби пиронсолони тоҷик нест. Ӯ мегӯяд, ҷои кӯҳансоли тоҷик чойхонаву масҷид аст: «Инҳо то бегоҳ ғайбату бозӣ мекунанд. Ба фикрам, масҷид ҳам намераванд. Ман чунин тасаввур мекунам, ки агар тоҷик пир шуд, бояд танҳо ба чойхонаву масҷид биравад. Ин ҷо аз ғайбату бозӣ ҳеҷ фоида намебинанд.»

Давлаталӣ Ҳакимов, кӯҳансоли дигар мегӯяд, гоҳо бархе ҷавонони шӯх ба онҳо ҳангоми бозӣ халал мерасонанд, вале онҳо танҳо бо насиҳат ба чунин ҷавонон посух медиҳанд. Ин мард мегӯяд, гоҳо онҳоро ҷавонони мазҳабӣ, ки замони ахир теъодашон зиёд шудааст, беодобона ба бенамозӣ муттаҳам мекунанд: «Мо мусалмонем ва ин ҷо бозӣ кардан маънои онро надорад, ки намоз намехонем. Намозамонро мехонем, лекин то бегоҳ дар масҷид нишаста намешавад-ку. Дар ин ҷо домино бозӣ карда, сӯҳбат мекунем, ки ин хуб аст.»


Боғи шаҳрӣ дар Кӯлоб

Боғи шаҳрӣ дар Кӯлоб

Саидкарим Шокиров, директории Боғи фарҳангу фароғатии Кӯлоб мегӯяд, ин ҷо кӯҳансолоне ҷамъ мешаванд, ки ба идеалҳои худ содиқ ҳастанд ва андешаҳои хуб доранд. Ӯ мегӯяд, гоҳо барои ободкорӣ дар Боғ аз машварати ин кӯҳансолон истифода мекунад. Шокиров мегӯяд, замоне директории Боғ таъин шуд, мушоҳида кард, ки ҷои бозии кӯҳансолон валангор аст: «Онро аз маблағи шахсии худам таъмир кардам. Ҳоло мӯйсафедон аз мо хеле миннатдоранд. Мешинанд, сӯҳбат мекунанд, бозӣ мекунанд, ин ҳам барои мо давлат аст. Дар оянда ният дорем, ки бо усули миллии меъморӣ он ҷоро таъмир карда, ба истифода диҳем.»

Боғи фарҳангу фароғатии Кӯлоб, ки дар маркази шаҳр қарор дорад, ягона ҷои истироҳати сокинони шаҳр аст. Дар ин ҷо барои беш аз 50 нафар кӯҳансол ҷои истироҳат дуруст кардаанд, ки дар чор фасли сол пур аз истироҳаткунанда аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG