Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони ҳарду “Шери тоҷик” муайян шуданд


Шералӣ Маҳмадалиев
Шералӣ Маҳмадалиев

Рақибони муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ маълум шуданд.

Қарор аст ин мусобиқа рӯзи 22-юми июн дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон баргузор шавад.

Муштзани тоҷик Шералӣ Маҳмадалиев бо Ҷаба Шалуташвили ва муштзани дигари тоҷик Шералӣ Достиев бо Кахабер Аветисиён рақобат хоҳанд кард. Ҳарду рақиби муштзанҳои тоҷик аз Гурҷистон мебошанд.

Ҷаба Шалуташвили дар бокси ҳирфаӣ 19 қувваозмоӣ кардааст. Вай 8 ғалаба,10 мусовӣ ва як бохт дорад. Аветисян бошад, аз 47 қувваозмоӣ дар 28-тоаш пирӯз шуда, 18-тоашро мусовӣ кардааст ва дар яктоаш мағлуб гаштааст.

Шералӣ Маҳмадалиеви 31-сола, ки соли 2010-ум соҳиби камарбанди WBO EUROPEAN ва PABA (Созмони урупоии Ташкилоти ҷаҳонии бокс) дар вазни ниммиёна гардида буд, ду сол муқаддам унвонашро аз даст дод. Вай, ки дар бокси ҳирфаӣ бо лақаби “Шери тоҷик” маъруф аст, аз соли 2008-ум ҳамагӣ 18 қувваозмоӣ карда, дар 16-тоаш (9-тоаш бо нокаут) пирӯзӣ ба даст овардааст ва дар ду қувваозмоӣ (яктоаш бо нокаут) мағлуб гаштааст.

Шералӣ Маҳмадалиев моҳи майи соли равон дар қувваозмоии 18-уми худ дар бокси ҳирфаӣ бар рақибаш Cтанислав Леонови литовӣ ғалаба кард. Дар ин қувваозмоӣ, ки дар шаҳри Пскови Русия барпо гардид, муштзани тоҷик рақибашро дар раунди дуюм бо накаут пеш аз мӯҳлат шикаст дод.


Шералӣ Достиев
Шералӣ Достиев
Шералӣ Достиеви 27-сола бошад, аз соли 2009-ум дар мусобиқоти бокси ҳирфаӣ ширкат меварзад. Ӯ ҳамагӣ 10 қувваозмоӣ анҷом додааст ва дар ҳаштоаш пирӯз гашта, яктоашро мусовӣ кардааст ва як қувваозмоиро бохтааст. Вай охири соли гузашта дар шаҳри Черкассии Украина дар набарди бокси ҳирфаӣ дар вазни то 55,8 кг аз рақибаш Мамед Ёдгорови украинӣ шикаст хӯрд.
Шералӣ, ки ду соли ахир ба ринг набаромада буд ва бори аввал дар сабқати 8-раунда ширкат дошт, ба рақиби худ муқобилияти сахт нишон дод. Баъди анҷоми қувваозмоӣ як довар Шералӣ Достиевро бо ҳисоби 77:75 ғолиб донист, вале ду нафари дигар Мамед Ёдгоровро бо ҳисобҳои 77:75; 77:76 пирӯз ҳисобиданд.
XS
SM
MD
LG