Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як қолии форсиро 33 миллион доллар фурӯхтанд


Дар музоядае дар шаҳри Ню Йорк як қолии форсии қарни 17-ро бо қимати 33 миллиону 700 ҳазор доллар фурӯхтаанд. Қолии мунаққаш бо токҳои ба ҳам печидаву гулҳои рангорангро муштарии номаълуме, харидааст, ки дар музояда аз тариқи телефон ширкат кардааст. Қолиро Намоишгоҳи Осори Ҳунарии Коркорани Вашингтон ба музояда гузоштааст. Қолии монда аз аҳди сулолаи Сафавиён дар Эронро, Вилям Кларк сенатори амрикоӣ аз аёлати Монтана соли 1926 ба намоишгоҳи Коркоран мерос гузошта будааст. Соли 2010 як қолии дигари қадимаи форсиро дар Лондон бо қимати тақрибан 10 миллион доллар фурӯхта будаанд.
XS
SM
MD
LG