Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯришиёни Сурия ба Баландиҳои Ҷулон расидаанд


Бино ба гузориши радиои Артиши Исроил, шӯришиёни Сурия як гузаргоҳ дар хати оташбас миёни он кишвар ва Сурия дар баландиҳои Ҷулонро ишғол кардаанд. Гузаргоҳи мавсум ба Қунайтра дар маркази Баландиҳои Ҷулон воқеъ шудааст. Созмони Нозири Ҳуқуқи Башари Сурия қароргоҳаш дар Лондон ва вазорати дифоъи Австрия, ки сарбозонаш дар ҳайати посдорони сулҳи Созмони Милал дар онҷо ҳастанд, гузориши мазкурро таъйид кардаанд. Аммо телевизиони давлатии Сурия гуфт, касе гузаргоҳро ишғол накардааст ва нерӯҳои вафодор ба Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия «террористон»-ро дар Баландиҳои Ҷулон таъқиб мекунанд. Сарбозони Австрия аз Қунайтра хориҷ шудаанд, ки ягона гузаргоҳи мустақим миёни Сурия ва Исроил аст. Исроил бахши бузурги ин минтақаи стротегиро дар ҷанги шашсолаи соли 1967 аз Сурия гирифт.
XS
SM
MD
LG