Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷаллаи “Diplomat” мегӯяд, фоидаҳои газ дар оянда метавонад Тоҷикистонро дар муқобили чолишҳои нав қарор диҳад, вале аз худи Душанбе вобаста аст, ки ин миллиардҳо кишварро ба кадом самту сӯ хоҳанд бурд.

Маҷаллаи “Diplomat”, як нашрияи махсуси таҳқиқи равобити байналмилалӣ дар Осиёву Уқёнусия, дар матлабе таҳти унвони “Ҷӯшу хурӯши соҳаи гази Тоҷикистон: Шукуфоӣ ё низоъ” менависад, “захоири гази табиӣ метавонанд манбаъи шукуфоии Тоҷикистон шаванд, вале хатари уфти башиддат низ побарҷост."

Муаллиф мегӯяд, талошҳои пайгиронаи Чин барои пайдо кардани манобеъи доимии газ метавонад мояи як ҷӯшу хурӯши бесобиқа дар риштаи истихроҷи гази Тоҷикистон, ин кишвари фақиртарин ва хеле ташнаи энержии Осиёи Марказӣ шавад. Ин ба навбаи худ дар баробари сармоягузориҳои бузурги хориҷӣ ва фоидаҳое, ки метавонанд ба ҷайби Душанбе бирезанд, ба хотири коҳиш додани зиёдҳои эҳтимолӣ як мудирияти беҳтари моливу сиёсиро низ талаб мекунад.

Маҷалла менависад, Душанбе дар ростои чунин дурнамо ба чолишҳое дар сиёсати хориҷиаш низ рӯбарӯ хоҳад шуд. Ин чолишҳо, бино ба ин гузориш, аз афзоиши рақобат байни Русия, ки Тоҷикистонро бахше аз қаламрави таҳти нуфузи худё ба истилоҳ “хориҷаи наздик” мешиносад, ва Чин, ки зоҳиран ба муҳимтарин шарики иқтисодии Тоҷикистон табдил меёбад, бармехезанд.

“Diplomat” менависад, танҳо “минтақаи Бохтари Тоҷикистон (манзур вилояти Хатлон аст – Озодӣ), ки бо 35 000 километри мураббаъ масоҳаташ аз аёлати Мериленди Амрико бузургтар аст, метавонад, ба ҳисоби Иттиҳодияи Густафсон, дар бистари хокаш то 114 триллион фути мукааб (баробари 3,2 триллион метри мукааб- Озодӣ) ва 8,5 миллиард бушка нафту конденсат дошта бошад.” Маҷаллаи ин захираҳои газу нафти Тоҷикистонро ҳаммиқёси захоири бузурги гази ахиран кашфшуда дар шарқи Африқо медонад ва мегӯяд, захираҳои гази Тоҷикистон эҳтиёҷи иқтисоди дар ҳоли рушди Чин ба ин навъи маводи сӯхтро барои дастикам 23 сол бипӯшонад.


Харитаи Тоҷикистон

Харитаи Тоҷикистон

Дар ҳоле ки CNPC – ширкати миллии нафти Чин- алакай барои истихроҷи газ дар кишвари дури африқоии Мозамбик беш аз 4 миллиард доллар харҷ кардааст, истихроҷи газ аз Тоҷикистони аз нигоҳи ҷуғрофӣ ба Чин ба маротиб наздиктар метавонад як манбаъи муфидтари таъмини бозори дар ҳоли рушди гази Чин шавад. Тоҷикистон дар чунин сурат метавонад баъди Туркманистон ба дувумин таъминкунандаи гази Осиёи Марказӣ барои Чин табдил ёбад.

Чунин сурати ҳол, ба ақидаи муаллифон, шароити коҳиши нуфузи Русия дар минтақаро фароҳам оварда, ба давлати Тоҷикистон имкони тозае медиҳад, то Маскаву Пекинро дар муқобили ҳам ба бозӣ бидарорад, яъне аз айни шеваи кор бигирад, ки ҳоло Қазоқистон ба манзури ҳифзи манофеъи худ истифода мекунад.

Вале ба навиштаи “Diplomat” , “ин осмон комилан беабр нест ва ҷӯшу хуруҷи соҳаи газ бо сармоягузории Чин ва фоидаҳои ҳангуфташ як силсила асароти манфии қобили мулоҳиза барои Тоҷикистонро ҳам дорад ва пеш аз ҳама, сарозер шудани сели фоида як имтиҳони сахте барои ниҳодҳои заифи Тоҷикистон хоҳад шуд.“ Бино ба ҳисобҳо, ҳатто агар 20 дарсади захираҳои эҳтимолии гази Тоҷикистон тасдиқ шаванд, ин кишвар метавонад ҳар рӯз аз 50 то 70 миллион метри мукааб газ тавлид кунад. Фурӯши ин миқдори газ ҳатто бо нархи 30 дарсад арзонтар аз қимати кунунии гази Узбакистон метавонад ба Тоҷикистон солона то 6,4 миллиард доллар фоида биорад, яъне баробари 84 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилиаш дар соли 2012.

Маҷалла меафзояд ки масоили ҳаллношудаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон тавонмандии ин кишвар барои даст ёфтан ба заоири газу нафти минтақаи Бохтарро зери суол мебарад. “Аз як сӯ, пайвастани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва “маърака”-и рушди иқтисодие, ки президент Эмомалӣ Раҳмон пеш гирифтааст, ин фикрро талқин мекунад, ки элитаҳои душанбе аз сиёсати иқтисодии даврони Шӯравӣ даст шустаанд. Аз сӯи дигар, ин кишвар ба таври фарогир гирифтори фасод, ошнобозии сиёсӣ ва мушкилоти иқтисодии сохторист,” - менависад муаллиф.


Муаллиф мегӯяд, “табиати клании режими Эмомалӣ Раҳмон метавонад мояи норозигии амиқ бар сари тақсими фоидаи фурӯши газ шуда, низоъҳои минтақавиву мазҳабиеро, ки дар авоили солҳои 90 ба оташи ҷанги ваҳшатноки шаҳрвандӣ равған рехтанд, аз нав доман занад.” Дар чунин шароит, ба бовари муаллифи мақола, Душанбе мукаллаф аст, ба хотири таъмини субот аз манобеъи газаш барои беҳбуди кайфияти зиндагии мардуми худ истифодаи ҳадди аксар кунад.

Ба ҳар сурат, менависад маҷалла, “як омили муҳимтарин дар таъйини ояндаи саноати нафту гази Тоҷикистон қарорҳоест, ки президент Раҳмон ва хонаводаи ӯ дар мавриди тақсими фоидаҳои газ бояд бигиранд. Омодагии онҳо ба ҷалби кланҳову гурӯҳҳои дигар ва гӯш додан ба машварати истихроҷкунандаҳои пуртаҷрубае, чун ширкати “Total SA”, маълум хоҳад кард, ки оё фоидаҳои захираҳои табиии Тоҷикистон ба чӣ мусоидат хоҳад кард: ба пешрафт ё ба низоъ?”

Барои маълумот

Ширкатҳои асосие ки феълан дар соҳаи иктишофи конҳои гази Тоҷикистон кор мекунанд, “Газпром”-и Русия ва “Тетис Петролеум”-анд, ки дар Канада сабтином шудааст. Ахиран гузориш шуда буд, ки “Тетис” сеяки саҳмияҳояш дар конҳои минтақаи Бохтарро ба ширкати фаронсавии “Total” ва сеяки дигарашро ба ширкати чинии CNODC фурӯхтааст.

“Тетис Петролеум” як сол пеш гуфта буд, ки Тоҷикистон захираҳои “азим”-и нафту газ дошта, танҳо захираи нафташ 8,5 миллиард бушка баровард мешавад. Аммо идораи “Геологияи тоҷик” ба дунбол гуфт, ки ин танҳо пешгӯист ва дар асл чӣ қадар захираи газу нафт доштани бистари хоки Тоҷикистон танҳо бо анҷоми тамоми корҳои иктишофӣ маълум хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон беш аз 90 дарсади газу нафт лозим барои эҳтиёҷоташро аз хориҷ ворид мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG