Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дасти Ёрӣ" ба кӯдакони мӯҳтоҷи Суғд ёрӣ расонд


Намояндагони як созмони хайрия барои ҷалби кӯмак барои садҳо ятимону бачаҳои бепарастори мӯҳтоҷ дар вилояти Суғд, бо вазъи 6 парваришгоҳи вилоят ошно шудаанд. Комил Арешов, раҳбари созмони «Дасти Ёрӣ» ба Радиои Озодӣ рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сафари панҷрӯза ба Суғд, ки рӯзи 4 июн бо вазъи парваришгоҳҳои Шаҳристону Истаравшан, Исфара, Шӯроб ва Чкаловск ошно шуда ва ба бештар аз 500 кӯдакони ятиму мӯҳтоҷи парваришгоҳҳо ҳам кӯмакҳои хайрия тақсим кардаанд. Дар тамоми парваришгоҳҳо ба хотири Рӯзи байналмилалии кӯдак зиёфат оростаанд ва ба парваришгоҳи Шаҳристон 17 ҷевон додаанд. Тақрибан 160 кӯдаки нобино ва ё аъзои босираашон заъиф аз Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон аз "Дасти Ёрӣ" ҳадя гирифтаанд. Ба гуфтаи Комил Арешов, созмони «Дасти Ёрӣ» саъй хоҳад кард, барои муҷаҳҳазу беҳтар кардани шароити зиндагии ятимону кӯдакони дастнигар ба парваришгоҳҳои вилоят мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG