Пайвандҳои дастрасӣ

Охирин қатра дар косаи сабри Сергей Гуриев


Сергей Гуриев

Сергей Гуриев

Иқтисоддони шинохтаи рус мегӯяд, агар тарки кишвар намекард, ба гумони ғолиб, як рӯз ҳатман зиндониаш мекарданд.

Замоне, ки муфаттишҳо дафтари иқтисоддони шинохтаи Русияро кофтуков ва ҳазорон номаро дар иртибот бо қазияи олигархи маҳбус Михаил Ходорковский мусодира намуданд, Сергей Гуриев дуру дароз андеша накард. Ӯ ҷомадонашро ба даст гирифт ва бо билети яктарафа худро то Париж расонд. Он рӯз 30-юми апрел буд.

Аммо хабари сафари Гуриев ба Париж танҳо ҳафтаи гузашта ошкор шуд ва дар дили нухбагони озодандеши рус, ки мисли ӯ аз шеваҳои саркӯбкунандаи президент Владимир Путин интиқод мекунанд, оташ афканд. Путин рӯзи 4 уми июн аз Гуриев даъват кард, ки баргардад, аммо сарфи назар аз ин даъват Гуриев, ки зану бачаҳояш дар Париж зиндагӣ мекунанд, гуфт, тарҷеҳ медиҳад, ки дар хориҷа озод бошад аз оне ки дар Русия ба хатари зиндон рӯ ба рӯ шавад.

Ӯ дар сӯҳбат бо “Садои Амрико“ гуфтааст, хатари қобили мулоҳизае вуҷуд дошт, ки дар ниҳояти амр ӯро зиндонӣ мекунанд.

Гуриеви 41-сола дар моҳҳои ахир дар иртибот ба гузориши коммисиюн оиди айбномаҳои зидди сармоядори рус Ходорковский, ки соли 2011 дар аҳди Дмитрий Медведев таъсис ёфта буд, чанд дафъа мавриди бозпурсӣ қарор гирифт. Ӯ аз ҳаммуалифони ин гузориш буд ва ошкор кард, ки бахши айбномаи пинҳон доштани молиёт аз ҷониби Ходорковский камбудии ҷиддӣ дорад ва даъват кард, ки ҳукми зиндон нисбати ӯ бознигарӣ шавад.

Аммо бо бозгашти Путин ба сари қудрат қарору тасмимҳои нисбатан либералии Медведев дар зери заррабин қарор гирифтанд ва ҳоло бисёриҳо аз шикоф дар элитаи ҳукмрон сӯҳбат мекунанд.


Ходорковский ва Лебедев дар додгоҳ

Ходорковский ва Лебедев дар додгоҳ

Авоили соли равон муфаттишон бозҷӯиҳоеро алайҳи алайҳи гузоришгарони қазияи Ходорковский ба роҳ монданд. Гуриев, ки то ҳол танҳо ҳамчун шоҳид бозпурсӣ мешудд, аз тарси боздошт шудан ба Фаронса фирор кард. Ӯ мегӯяд:
“Ман эҳсос кардам, ки амалҳои муфаттишон то рафт хашинтар мешавад ва ин комилан ҳайратовар буд. Қатраи охирин дар косаи сабри ман замоне сарозер шуд, ки 25 апрел муфаттиш ба ҷойи бозпурсӣ ба ман амри кофтукови дафтари кориам ва мусодираи тамоми емейлҳоям аз соли 2008- ро супурд. Ӯ ҳамчунин ишора кард, ки эҳтимолан хонаамро низ кофтуков кунанд. Ман дарк кардам, ки дар мулоқоти баъдӣ мақоми ман метавонад дигар шавад.”

Гурӯҳи тафтишотӣ ҳамчунин будҷаи Мактаби нави иқтисодиро, ки Гуриев қабл аз истеъфои моҳи гузаштааш қариб даҳ сол ба он раҳбар буд, бозҷӯӣ карданд. Ин мактаб дар соли 2003 аз Ходорковский кумаки молӣ гирифта буд, ки танҳо се дар сади буҷаи солонаи онро ташкил медод ва ин ҳам замоне, ки Гуреев дар рухсатӣ будааст.

Гуриев сабаби шеваи тунди муфаттишонро шарҳ намедиҳад. Ӯ танҳо мегӯяд, мушкилоти ҳуқуқии ӯ ба овозаҳое роҳ кушодаанд, ки мақомот мехоҳанд бо таҳияи иттиҳомоти тоза Ходорковский ва коршарики ӯ Платон Лебедевро дар паси панҷара нигаҳ доранд.

Аммо аксаран бар ин боваранд, ки Сергей Гуриев акнун қимати пуштибониаш аз нирӯҳои мухолифинро мепардозад. Дар замоне ки Путин барои пешгирӣ аз мавҷи бенамунаи тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ сарсахтона талош мекард, Гуриев 10 ҳазор рублро ба гуруҳи зидди фасоди блогнависи машҳури рус Алексей Навалний хайр кардааст. Навалний ба тақаллуб муттаҳам шудааст, вале мегӯянд, ки парвандаи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад.


Навалний

Навалний

Гуреев хайрияи худро ба талоши эъҷоди сабқатҳои бештари сиёсӣ дар Русия тавҷеҳ кардааст. Аз он вақт ба баъд ӯ ҳеҷ ҳамдилии худро бо Навалний пинҳон накардааст. Гуриев мегӯяд, бо бисёр назарҳои сиёсии Навалний розӣ нест. Аммо ӯро ҳамчун як шахси ҷасуру якрӯ эҳтимром мекунад ва дар саҳнаи сиёсии Русия намунаи беназир мешуморад.

Кремлин ҷанбаи “хусусӣ”- и фирори Гуриев аз Русияро рад мекунад ва аксари шореҳони ҳукуматгаро Гуриевро ба таҳрифи аз ҳад беши вазъият муттаҳам кардаанд. Аммо иқтисоддони шинохта ҳоло ҳам аз маҳбубияти хосаи афроди бонуфузи сиёсӣ ва иқтисодии Русия бархӯрдор аст.

Бо вуҷуди ин ҳама сарусадоҳо дар атрофи Гуриев, ҳафтаи гузашта саҳомдорони “Сбербанк”- яке аз бонкҳои бузурги таҳти назари давлат, ӯро дар ғиёбаш, якдилона дубора узви Шӯрои директорҳо интихоб карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG