Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҷаб Тайиб Эрдӯғон ба Туркия бозмегардад


Бо идомаи тазоҳуроти оммавии зиддиҳукуматӣ, Раҷаб Тайиб Эрдӯғон нахуствазири Туркия ба кишвараш бозмегардад. Боздиди ӯ аз кишварҳои шимоли Африқо аз ҷумла Марокаш, Алҷазоир ва Тунис рӯзи панҷшанбе хотима ёфт. Тазоҳурот дар Туркия аввал дар Истанбул шурӯъ шуд ва сипас ба шаҳрҳои дигар доман зад ва ҳоло тазоҳургарон истеъфои Раҷаб Тайиб Эрдуғонро талаб доранд. Дар аввал тазоҳургарон, алайҳи барномаи навсозии майдони Тақсим ва буридани дарахтзори атрофи он эътироз мекарданд. Саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарон, сабаб шуд, ки намоишҳои эътирозӣ алайҳи ҳукумат бичархад. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон тазоҳуротро ғайридемократӣ ва кори дасти ифротгароён хонд. Аммо Булент Оринч, муовини нахуствазири Туркия барои амалкарди дурушти пулис аз мардум маъзарат хост. Рӯзи чаҳоршанбе ҳазорон нафар аъзои иттиҳодияҳои коргарӣ дар Туркия дар майдони Тақсим ба тазоҳургарон пайваста ва хостори барканории раҳбарони идораҳои пулис дар Истанбул, Анкара ва дигар шаҳри Туркия шуданд. Аз замони оғози тазоҳуротҳо дар рӯзи ҷумъаи гузашта, то кунун 2 нафар кушта шудаанд ва ҳазорон тани дигар ба шумули садҳо маъмури пулис захм бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG