Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА аз Ҳизбуллоҳ ва Эрон хост, Сурияро тарк кунанд


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз созмони Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Эрон хостааст, “размандагони худро фавран аз Сурия” берун кунанд. Ҳукумати Амрико рӯзи чаҳоршанбе бо нашри баёнияи хаттие ҳамчунин юриши нерӯҳои давлатӣ ба шаҳри марзии Қусайрро башиддат маҳкум карда ва гуфтааст, ки ҷанг барои тассаруфи ин шаҳр, “боиси марги теъдоди ногуфтании мардуми мулкӣ ва ранҷи беҳад кашидани аҳолӣ” шудааст. Ба гуфтаи ҳукумати Амрико маълум аст, ҳукумати Сурия мустақилона ва бе кӯмаки Эрону Ҳизбуллоҳ наметавонист, шӯришиёнро аз Қусайр берун кунад. Пештар аз ин Лигаи Араб низ мудохилаи низомии Ҳизбуллоҳ ба ҷанги Сурияро маҳкум кард. Артиши Сурия баъди чанд ҳафта ҷанг, шаҳри стротегии Қусайрро аз дасти шӯришиён гирифт, ки аз шаҳр як роҳи аслии таъмини онҳо бо лавозимот ва размандагон аз Лубнон буд.
XS
SM
MD
LG