Пайвандҳои дастрасӣ

Аскар Ҳаким аз «Самак» ба додгоҳ шикоят бурд


Аскар Ҳаким, шоири тоҷик.

Аскар Ҳаким, шоири тоҷик.

Аскар Ҳаким, собиқ раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ҳафтаномаи "Самак"-ро барои "таҳқир ба шахсияташ" ба додгоҳ кашидааст.

Сардабири ҳафтаномаи «Самак» мегӯяд, ки барои як навиштаи ин нашрия таҳти унвони «Зиёиёни бемушкили тоҷик ё чаро зиёиён дар мулоқот бо президент танҳо мадҳия мехонанд», собиқ раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Аскар Ҳаким алайҳи нашрия ба додгоҳ ариза пешниҳод кардааст.

Ҷасур Абдуллоев, сардабири ҳафтаномаи «Самак» рӯзи 6-уми июн ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳамин рӯз аз Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт даъватнома дарёфт кардаанд, ки дар он шоир Аскар Ҳаким барои таҳқири шахсияташ дар ин нашрия, расман ариза пешниҳод кардааст.

Оқои Абдуллоев афзуд: «Пас аз мулоқоти зиёиён бо президенти кишвар дар моҳи март, «Самак» мақолаи рӯзноманигор Шодӣ Малаховро таҳти унвони «Зиёиёни бемушкили тоҷик ё чаро зиёиён дар мулоқот бо президент танҳо мадҳия мехонанд»-ро ба чоп расонд. Дар ин мақола танҳо як иштибоҳ рафт, ки баъдан мо расман аз Аскар Ҳаким, собиқ раиси Иттҳодияи нависандагони Тоҷикистон маъзаратхоҳӣ ва дар рӯзнома чоп кардем.»

Ҷасур Абдуллоев афзуд, ки ин мақола ба масъалаи Иттиҳодия рассомон бахшида шуда буд, вале иштибоҳан ба ҷои номи раиси Иттиҳодияи рассомон ному насаби Аскар Ҳаким ҳамчун раиси Иттиҳодияи рассомон дар ин мақола рафт, ки ин хашми шоирро ба миён овард.

Вай афзуд, мо пас аз узрхоҳии расмӣ фикр кардем, ки баҳси мо тамом шудааст, вале имрӯз даъватномаи Додгоҳро гирифтем, ки устоди Аскар Ҳаким бар рӯи ҳамин масъала шикоят кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG